Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳарчанд худи ШКД - и ноҳияи Сарчашма чун Раёсати ҳафтум аз воситаҳои техникӣ муҷчаҳаз набуд, вале дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷўӣ имконияти пурраи мусбӣ ҳал намудани амалиётро дошт...
Ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ координати ҳарду абонент муайян карда шуд, ки яке аз маҳаллаи ҳаштоду дуюм ба алоқа баромаду дигаре аз маҳаллаи шаступанҷум овоз рӯшан намуд. Чун қисме аз кормандони мақомоти милисаи ноҳияи Сарчашма аз лаҳзаи аз бинои милиса баромадан абоненти авваларо ба зери васигии хеш гирифтаву ўро то кўчаи Парвин гусел намуда буданд, баъди гирифтани супориши сарвари ШКД гурўҳи дигаре ба таври таъҷилӣ ба квадрати чоруми маҳаллаи шаступанҷум фиристода шуд...
Агар шаст - ҳафтод сол пеш барои ёфтани як радиопередачик контрразведка ҳафтаҳо ва ё моҳҳо вақти хешро тариқи мошинҳои овозгир (плегиаторная автомашина) сарф менамуд, дар шароити кунунӣ тариқи спутникҳои маснуи замин дар кадом нуқта қарор доштани зангзанандаро муайян намудан корест, ки на беш аз ним соат вақтро мегирад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷинояткорон низ таҷрибаю малакаи хешро ҳамқадами замона менамоянд, то ба даст наафтанд.
Гурўҳи ба маҳаллаи шаступанҷум фиристода тариқи мухобира огоҳонида шуданд, ки абоненти рақами 95-162-38...
кист. Чун расми абоненти мазкур тайи чанд рўзи охир кўчаю хиёбонҳои шаҳрро "оро" медод, сарвари ШКД диққати гурўҳро ба он равона намуд, ки аз амалиёти дастгиркунӣ худдорӣ намуда, танҳо объектро аз мадди назар дур насозанд.
Ҳамид Ҷовид прокурори ноҳияро, ки шояд дар ин ду - се соат ба худ ҷойи нишаст намеёфт, аз рафти ҳодисаҳо тариқи телефон огоҳ намуд...
- Яъне, шумо боварӣ доред, ки дар ҳамин як - ду рўз боз Дороб Қамар ба милиса меояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор