Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ин дафъа мо худамон ўро ба милиса меорем ва на танҳо ӯро...
  • Умед ба анҷоми неки кор мебандем, - гўён прокурор маъзарат хоста, алоқаро қатъ намуд.
  • Мумкин, рафиқ полковник?
  • Марҳамат, дароед.
    Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ба курсӣ нишаста, аз ҷузвдони чарминаш коғазеро бароварда болои мизи сардор гузошт.
  • Ин чист?
  • Хабари таъҷилӣ.
  • Чун ҳама дигар хабарҳо хушку холӣ ё...
  • Шумо худ қазоват намоед.
  • Чӣ илоҷ? - гўён Ҳамид Ҷовид айнакашро ба чашмонаш гузошта, ба коғази овардаи Тоҳир Додобоев чашм дўхт.
  • Бад не, - ниҳоят коғазро болои миз гузошта гуфт сарвари милиса.
  • Андешаҳои шуморо дар ин бора донистан мехостам.
  • Аз рўйи нишонаҳои бадастовардаи Сорбони Ҳомид Ёсумани кунунӣ назар ба дигар ҳамномҳояш як сару гардан боло меистад.
  • Ба фикрам, ҳамин хел аст.
  • Боз шон муаллимаи фанни химия будааст.
  • Ҳа, муаллимаи фанни химия.
  • Дар атрофи ана ҳамин Ёсуман кор баред. Хоҳиш мекунам, дар ин кор бомулоҳиза бошед. Ҳарчи ҳам набошад, шаъну шарафи инсон аз ҳама болост. Аз он чи ки вай муаллимаи кимёст гуфта, мо эҳтиёткориро аз даст диҳем, намешавад. Одамро аслан теғи забон мекушад, нашаваду аз рўйи кори мо шуда, нафари бегуноҳе дар зери маломати мардум монад. Дар ин хусус як сухани хубе ҳам ҳаст:
    Дар шаҳрҳо ҳикояти бадномии ту рафт, Акнун дусад фаришта накў гўядат чи суд?
  • Метавонед осуда бошед.
  • Аминам.
    Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ рухсат пурсида, коғази болои мизи сардорро дуюмбора ба ҷузвдон гузошта, аз ҷой бархест.
пешина
аз 527
навбатӣ