Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чиро?
  • Ҳамаашро.
  • Гуфтам - ку дасти холӣ набиёед!
  • Хуб шудааст.
  • Ба гумонам, Асад Ғаниро имшаб хоб набурд, - баробари гўшакро болои телефон гузоштан гуфт Ҳамид Ҷовид.
  • Охир он кас ба таваккали калон роҳ доданд.
  • Тот, кто не рискует, непёт шампанского.
  • Дороб Қамар бошад, ҳамин чизро ба эътибор нагирифта, ба хато роҳ дод.
  • Ҳамаи инро сабаб он шуд, ки мо ба Ҷамила Холмуродовна имконияти дубора ба хонааш баргаштанро надодем.
  • Рафту Ҷамила Холмуродовна тариқи телефон вайро огоҳ намояд - чӣ?
  • Телефони хонаи вай бо супориши худи мо хизмат расонида намешавад. Муъминова бошад, телефони дастии Дороб Қамарро намедонад. Худи Муъминова телефони дастӣ надорад. Метавонед осуда бошед.
  • Шояд каме ҳам бошад, шумо истироҳат мекардед?
  • Ҳоло соат чанд?
  • Сею панҷову ду дақиқаи субҳ.
  • То субҳи содиқ боз як соат вақт мондааст. Не, намешавад. Беҳтар мешуд, ки дар ҳавои кушод баромада, нафас мегирифтем ва баъди бозгашт нақшаю чорабиниҳои дастгиркуниро якҷоя тартиб медодем.
  • Зид нестам.
  • Набошад рафтем...
    Навбатдор, ки сари пулти телефонҳо чизе менавишт, баробари дидани онҳо аз ҷояш бархест.
    -Озод!
    Навбатдор амри сардорро шунид ё не, вале аз дари паҳлу берун баромад.
    Дар осмон ситораҳо чашмак мезаданд. Ҳавои сарди субҳгоҳӣ сару рўйи Ҳамид Ҷовид ва ҳамроҳонашро сила намуд. То субҳ боз вақт буд, вале он се тан рўйи саҳни ҳавлӣ байни андешаҳои хеш аз ҳавои тозаи субҳгоҳи нафас гирифта, ба қавли худашон ҳаловат мебурданд.
пешина
аз 527
навбатӣ