Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боди субҳгоҳӣ ногаҳон чун тираабре дар осмони хаёлоти Ҳамид Ҷовид падид омад.

  • Ёсуманро аз ёд баровардаем.
  • Худаш чӣ гап, рафиқ полковник? - сухани вайро шунида пурсид сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
  • Ёсуманро аз ёд баровардаем, рафту киллерро ба муқобили вай равона намуда бошанд - чӣ?
  • Ёсуман ду рўз боз дар зери назорати доимист. Бачаҳо ўро аз кўчаи Сурхоб то кўчаи Анзоб ва баръакс гусел мекунанд.
  • Фаромўш насозед, рафиқ подполковник, ки ба ин кор киллер сафарбар карда шудааст ва ў ҳам марди аноӣ набудагист.
    Шаби торику сангистону ман маст, Қадаҳ аз дасти ман афтоду нашкаст.
    Нигоҳдорандааш неку нигоҳ дошт, Вагарна сад қадаҳ нафтода бишкаст...
  • Ман қоил, вале мо набояд ҳушёриро аз даст диҳем.
  • Даст ба дуо мебардорем, ки то субҳ ба Ёсуман ҳодисае рух надиҳад, чун рўз шавад ягон фикр мекунем.
  • Омин!
    Ситораҳо оҳиста - оҳиста ҷилои хеш аз даст медоданд...
  • Ҳеҷ чиз дар дунё абадӣ нест.
  • Чиро дар назар доред, рафиқ полковник?
  • Соате пештар ситораҳо чӣ хел ҷило доштанд ва акнун бубин...
  • Кош ҳамин ҳолатро ҷинояткорон мефаҳмиданд.
    Барои айшу нўши дурўза онҳо ба чӣ корҳое даст намезананд, бехабар аз он ки...
  • Рафтанду равему боз оянду раванд.
  • Суханони Хайём ҳама дурдонаанд.
  • Бале, дурдона, акнун рафтем!
  • Ба куҷо?
  • Ба идора...
    Даъвати навбатии Марказ ба алоқа бо бонги хурӯси ҳамсоя, ки дар шафти бинои милиса ҷойгир буд, рост омад.
    Дуюм марказро ҳушдор сохт, ки объект ба кўча баромада, аз телефон - автомат ба куҷое занг зад.
пешина
аз 527
навбатӣ