Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Субҳи шумо ҳам...
  • Дуюм, ман Марказ, қабул.
  • Марказ, шуморо гўш мекунам.
  • Дуюм, артист бо намуди зоҳирии худаш аз бино мебарояд. Баҳри ба ягон ихтилофот роҳ надодан амр медиҳам, ки ўро аз лаҳзаи баромадаш аз ҳуҷраи иҷоравӣ ба зери васигии хеш гиред!
  • Марказ, шуморо фаҳмидам.
  • Дуюм, ба ёрии шумо гурўҳи сеюм фиристода мешавад. Назорати объекти асосиро аз хотир набароред.
  • Сеюмро, ки фиристодед, Хушдил Одил бе назорат мемонад, - эътироз намуд Тоҳир Додобоев.
  • Назоратро аз болои Хушдил Одил ба зиммаи шумо ва сержант Хайриддини Саидумар месупорам.
  • Иҷозат диҳед, аз пайи супориши шумо шавам.
  • Иҷозат.
  • Итоат, рафиқ полковник, - гўён сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ аз дар баромад.
  • Сеюм, ман Марказ, ба алоқа бароед.
  • Марказ, Сеюм дар алоқа, қабул.
  • Сеюм, шумо ба гурўҳи дуюм ҳамроҳ шавед. Сарварии гурўҳи якҷояро ба души шумо мегузорам, қабул.
  • Марказ, шуморо фаҳмидам.
  • Дуюм, шуморо нашунида истодаам.
  • Марказ, амри шуморо фаҳмидам, Дуюм, қабул.
  • Диққат ба ҳама. Амалиёт "Сангчарх" номгузорӣ карда мешавад, қабул.
  • Марказ шуморо фаҳмидам.
  • Якум...
  • Дуюм...
  • Сеюм...

Бо ҳама дермонию эҳтиёткории хеш Ҳусейн Акбар, ҳангоме ки як пояш дар перону пойи дигараш дар зинаҳои қатораи Душанбе - Астрахан буд, бо "Сангчарх" рў ба рў шуд. Ў ҳатто имконияти эътироз намудан наёфта буд, ки ҳалқаҳои ялаққосии завлона дар дастонаш тоб хўрданд.

пешина
аз 527
навбатӣ