Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун телефон - автомати квартали чоруми маҳаллаи шаступанҷум бо хоҳишу дархости милиса дар зери назорати доимии оперетор қарор дошт, баъди панҷ дақиқа бо кадом рақам пайвастшудани он ва мазмуни мухтасари гуфтугўи телефонӣ тариқи телефакс болои мизи кории Ҳамид Ҷовид қарор гирифт...
“-Шеф, ин ман.

  • Тинҷӣ - мӣ?
  • Вай аллакай билет гирифт.
  • Ба тайёра?
  • Не, ба қатора.
  • То куҷо?
  • То Астрахан.
  • Ба вай дастур додӣ?
  • Албатта.
  • Ба ў фаҳмонда деҳ, ки гов дар мулки бегона гўсола барин менамояд, боз нашаваду...
  • Ман ҳамаашро фаҳмондам.
  • Пул дарёфт намуд?
  • Бале.
  • Қатора соати чанд ба роҳ мебарояд.
  • Баъди ду соат.
  • Рафту ҷойи гарм пайдо намояд, ба бахши дархости почтаи марказӣ ба номи Муъминова Ҷамила Холмуродовна нома ирсол намояд.
  • Чӣ мо ҳам меравем?
  • Ҳамааш ба вай вобаста.
  • Ман чӣ кор кунам. Ба гусели вай бароям ё не?
  • Ҳаминаш намерасад.
  • Шуморо фаҳмидам, шеф.
  • Ҳа, дарвоқеъ ба вай гўй, ки бо намуди зоҳирии худаш ҳамагӣ ним соат пеш аз ҳаракати қатора ба вокзали роҳи оҳан ҳозир шавад.
  • Он мўйлабу мўйсарашро чӣ кунам?
  • Чиз сад рўз дар бор, як рўз даркор...
  • Шуморо фаҳмидам, Шеф. Субҳ ба хайр.
пешина
аз 527
навбатӣ