Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Не.
- Сабаб чӣ буд, ки кор накардед?
- Авзои сиёсии кишварро шумо аз ман беҳтар медонистед...
- Тайи як даҳсола аз кадом ҳисоб зиндагӣ намудед?
- Ман аслан ба кори расмие банд набудам, вале баҳри рўзгузаронӣ даву тоз мекардам. Дар бозор истодам, ба корҳои сохтмонӣ машғул шудам. Дурусттараш мардикори бе ҳуҷҷат будам.
- Боз мегўед ки кор накардед?
- Магар ин ҳам кор шуд?
- Мумкин? - дарро кушода гуфт нафаре, ки дар тан хилъати сафед дошт.
- Марҳамат дароед. -Мехостам боздоштшуда Ҳусейни Акбарро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба вай ёрии тиббӣ расонед. Супориши расмиро соате пас хоҳед гирифт.
- Хуб шудааст, - гўён нафаре, ки дар хилъати сафед буд ва ба духтараки ёрдамчиаш супориш дод, ки бо маҳлули махсус хунро аз пешонаи "ҷабрдида" тоза намояд.
- Баъди ташхиси тиббӣ боз сари суҳбати кунуниамон бармегардем, - гўён прокурор аз ҷой бархест ва ба курсии холишуда дар рў ба рўйи "ҷабрдида," марди дар хилъати сафед буда нишаст.
- Марҳамат карда курсиатонро наздиктар монед, - хоҳиш намуд духтур ва баъди аз дар берун шудани прокурор ба муоинаи бемор пардохта дар интиҳо гуфт:
- Ягон ҷароҳат нест - ку?
- Чӣ хел нест? - худатон дидед, ки сару рўйи банда хуншор буд.
- Пўсти пешонаатон каме харошидагӣ, барои ҳамин.
Хун бошад меъёр надорад, як қатрааш метавонад як тағораи обро сурх гардонад. - Ман ҳам медонам, вале ҳамаи умедам ба шумо духтур
- ако, ягон илоҷашро ёбеду бандаро ба клиника хобонед.
Хизмататонро қадр хоҳам кард. - Номаъқул намудед, - гўён духтур аз ҷой бархест...
*** Соате пас аз рафтани “Артист” ишками дўсти вай, ки тайи ҳафтаи охир расмаш паҳлуи расми Дороб Қамар кўчаю хиёбонҳои шаҳрро "зеб" медод, танбур навохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор