Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Бо ҳама гуноҳи содирнамудаи хеш "Артист" тайи ин рўзҳо тавассути мўйлаб ва мўйсари сунъӣ бемалол дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр сайругашт намуд ва нафаре, ки нисфи гуноҳҳои вайро содир накарда буд, қариб аз хона намебаромад.
Ў ба соати деворӣ нигарист ва фаҳмид, ки қатора аллакай дўсташро аз ҳудуди шаҳр фарсахҳо дур бурдааст.
Дар ҳамин лаҳзаҳо фикре ба сараш омаду он мўйлаби сунъӣ ва мўисарро ба ёд овард. Боз "чиз сад рўз дар бору як рўз даркор" гуфтани командирро низ. Вай он мўйлаб ва мўи сари сунъӣ гирифта, пеши оинаи барқад рафт. Лаҳзае пас симои хешро дар оина диду худро нашинохт, вале афсонаи "Хар ва уштур"-ро ба ёд овард: "Корвоне аз роҳ мегузашт. Чун аз лоғарӣ хар ва уштуре аз корвон қафо монданд, он ҳардуро дар марғзоре сар дода рафтанд. Рўзҳо гузаштанд ва он ду лоғарро шинохтан намешуд. Хар маст шуд ва ҳамарўза дар марғзор хез зада наъра мезад. Ин кирдори вай ба уштур писанд наомад ва хоҳиш кард, ки доду вой назанад, то боз балоеро ба сари хеш наорад.
- Ман сурудан мехоҳам ва ҳеҷ кас монеи сурудхониям шуда наметавонад, - гуфт хар ва аз пештара дида овозашро баландтар намуд...
Дар он лаҳзаҳо аз он мавзеъ корвони дигаре мегузашту овози харро шунида бозистод. Сардори корвон супориш дод, ки он харро аз марғзор дастгир намуда биёранд.
Соате пас онҳое, ки баҳри овардани хар ба марғзор рафта буданд, харро ҳамроҳи уштур дастгир карда оварданд. Ба ҳарду ҷонвар бор зада, ба роҳ даромаданд.
Хар ки чанд муддат дар марғзор бекор гашта буд, дуюмбора аз корвон ҷудо шудан хост. Бинобар ин худро ба касалӣ андохт. Гумон дошт, ки ўро боз сар хоҳанд дод.
Бори ўро ба дигар ҳайвон бор карда, худашро ба пушти уштури дўсташ шинонданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор