Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Уштур бо азобе роҳ мерафт. Бори худаш кам буд, ки боз харро ҳам болояш шинонданд. Уштур ба ҳафт пушти хар лаънат мехонд ва ҳамроҳи корвон пеш мерафт. Ниҳоят корвон аз пайроҳаи морпечи кўҳӣ ба поён ҳаракат кард ва уштур ба ғамза даромад.
- О, ту чи кор карда истодаӣ, эҳтиёт шав ин ҷари бетагро бубину андеша намо, - гуфт хар.
- Мехоҳам дар ҳавои ҳамон сурудҳои хондаи худат як рақс намоям.
- Андеша намо, охир бубин ин ҷар поён надорад, рафту ман афтам...
Уштур ин даъфа дурусттар ғамза намуд ва хар аз болояш афтида ба поёни дара рафт...
Чун ишкамаш аз гурустнагӣ нағора менавохт, афсўс хўрд, ки Ҳусейнро пеш аз рафтанаш ба бозор баҳри харид нафиристод, вале ин ҳама акнун об .То бегоҳ, то фарорасии торикӣ сабр кардан осон набуд.
Гурусна бо шер задаст. Бубин ман худамро нашинохтам, пас кӣ метавонад маро бо чунин шаклу шамоил шиносад, - гуфт Сайф Насим ва аз хона баромад...
Дар ҳоле ки ў аз хона баромад, нафари дигаре низ аз ошёнаи боло ба поён ҳаракат намуд...
Ҳарду вориди лифт шуда то ошёнаи якум омаданд ва боз якҷоя аз бино берун шуданд...
Нохост касе дастони вайро тоб дод ва боз нафари дигаре, ки дар пеши даромадгоҳ буд, ба ёрии вай шитофта ҳалқаҳои ялаққосиро ба дастонаш зад.
Дороб Қамар вақте чашм кушод, ки офтоб аз тиреза нурҳои ҷонбахши хешро болои ў меафканд. Чашм кушоду худро болои он кати мулоим танҳо дид. -Маълум ки Ҷамила наомадааст, - зери лаб ғунгос зад ў. Лаҳзае болои бистараш ноҷунбон истод, то он шабҳои нотакрори хешро бо собиқ духтари ҳамсоя ба ёд биёрад...
“- Ту ҷисми урёни бандаро низ тамошо кардӣ?
- Чашм дарёст. Афсўс ки ман рассом набудам, вагарна тасвири туро мекашидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор