Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Охир вай бечора аз куҷо медонист, ки шуморо ин қадар тез ҷавоб медиҳанд? - нидо омад аз замираш.
  • Аҷаб нест, ки ду - се рўз дар он ҷо монанд, - гуфтани ҳамкори Ҷамила дар гўшаш садо медоду садо...
    Дигар дар ин хона интизор шудани Ҷамила маъние надошт. Дороб Қамарбар хилофи ҳама қоидаҳои мавҷуда аз телефони эҳтиётӣ бо телефони хонаи Хушдил Одил дар тамос шуд.
  • Шуморо гўш мекунам, шеф.
  • Соате пеш нафаре, ки рўзи гузашта дар борааш сухан рондем, аз ҳудуди кишвар баромад, аниқтараш мебарояд.
    Аз ҳамин лаҳза шумо рақами ин телефонро фаромўш созед!
  • Фаҳмо. Рафту лозим шуда монед, ман шуморо чӣ хел ёбам?
  • Ба Худо саҷда кунед, ки ман дигар ба шумо лозим нашавам.
  • Акнун фаҳмидам.
    Дороб Қамар ба хонааш занг зада хабар дод, ки соате пас ба хона меояд.
  • О, дар ҳама кўчаю хиёбонҳо расми шумо, - вайро огоҳ намуд ҳамсараш.
  • Ман гуноҳе надорам ва акнун ба хона бармегардам...
    Ў он сумкаи сафарии хеш гирифту баҳри соҳибхона хатчае гузошта, аз хона баромад. Калидро боз ба дасти ҳамон бачаи ҳамсоя доду ба берун ҳаракат намуд. Лаҳзае пас аз ҳавои тоза нафас гирифтан дар ҳолате, ки симкортро ба ахлотқуттӣ партофт, зери "Сангчарх" монд...
  • Ой, - ой киро мебинам?! - ба истиқболи Дороб Қамар аз ҷой бархест Асад Ғанӣ.
  • Рафиқ прокурор, худаш чӣ гап? Ба инҳо фаҳмонед, ки бегуноҳии бандаро аллакай собит намудед, - гўён ў барои вохўрӣ дасти лаҳзае пеш кушодаашро ба тарафи Асад Ғанӣ дароз намуд .
  • Чӣ, гумон доред, ки банда дасти то ба оринҷ ғарқи хуни шуморо мефишорам?
    Дороб Қамар дасташро ба қадаш рост намуда гуфт:
  • Шуморо нафаҳмидам?
пешина
аз 527
навбатӣ