Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Соате пас ҳамаашро мефаҳмед. Акнун баред ўро! - ба тарафи милисаҳо нигариста амр дод прокурор.
Баъди чанд дақиқа ў боз озими яке аз хоначаҳои боздоштгоҳи муваққатӣ гашт. Чун дари фулодинро аз қафояш пўшиданд, ду - се қадам гузошта, болои курсии чӯбини пояҳояш ба фарш маҳкамшуда нишасту ҳодисаҳои тайи ним соати охирро пеши назар овард…
Ба кўча баромадан замон фикри ба сараш омада ин халос шудан аз симкорт буд. Ба ҳамин хотир ў телефонро аз ҷайбаш бароварда онро кушод ва симкорташро берун овард. Сипас телефонро аз нав ба ҷайбаш гузошту симкортро байни ангуштонаш гирифта, ба тарафи ахлотқуттӣ ҳаракат намуд ва дар замоне, ки симкортро ба ахлотқуттии сари кўча сар дода, пас гаштан хост, дастонашро ба пушташ тоб дода, завлона заданд. Ҳодиса чунон тез сурат гирифт, ки ў ҳатто ягон кор карда натавонист. Сипас, ў фаҳмид, ки ҳамаи ин манзараро ба навор гирифта истодаанд. Дар ҳузури холисон дар рў ба рўйи камера ў иқрор шуд, ки симкорт аз они ӯст. Гумон дошт, ки ўро аз рўйи расмҳояш боздоштанду аз ҷавоб доданаш хабардор нестанд. Баъди тартиб додани санад ва гирифтани симкорт аз ахлотқуттӣ ў талаб намуд, ки вайро рост ба назди прокурор баранд. Хоҳишаш бечунунчаро иҷро карда шуд, вале...
Дороб Қамар сарашро бо ҳарду дасташ дошт, чунки тайи як шабонарўз сараш дар озодӣ чарх заду чарх ва чоҳи дар роҳаш кандаро надид...
Баъди боздошти се хизматчии гурўҳи "Сипар" сардори штаб бо каме тағйирот тактика ва стратегияи ҳуҷумро дар тамоми фронт ба нақша гирифт... Бо супориши ў соате пештар нозири минтақавӣ лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф, ки ташаббускори санҷиши “Формаҳои Т - 2" дар корхонаю муассисаҳо буд, дар либоси ғайринизомӣ ва шаҳодатномаи рўзноманигори суратгир ба ҷойи кори Ёсуман рафт. Чун лейтенанти калон ҷавон буду минтақаи хизматиаш дигар Ҳамид Ҷовид аз рўйи таҷрибаи кории хеш ба вай дастуру супоришҳо дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор