Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан метавонист ў капитани милиса Сорбони Ҳомидро фиристад, вале ўро ба ҳайси рўзноманигор фиристодан ғайриимкон буд. Дар Сарчашма капитани милиса Сорбони Ҳомидро аксари мардум мешинохтанд. Ин ҷо бошад, сухан дар бороаи шаъну шарафи инсон мерафт. Ба мақоми рўзноманигори суратгир аз Абдурашиди Шариф дида номзади беҳтареро сарвари ШКД наёфт.
Дар нимаи дуюми рўз Абдурашиди Шариф ба дари сарвари ШКД ангушт зад ва лаҳзае пас расмеро болои мизи кории Ҳамид Ҷовид гузошт.

  • Бад не.
  • Чиро дар назар доред?
  • Расмро. Боз чӣ дастоварде доред?
  • Ёсумани Мансур, бисту шашсола, муаллимаи фанни химия. Роҳбарияти мактаб ўро чун мармараки чашм ҳифз кардан мехоҳанд.
  • Шуморо нафаҳмидам.
  • Директору мудири қисми илмӣ аз муаллима қариб ки олимаи соҳаи кимиё сохтанд.
  • Худаш ҳам бояд ҳамин хел бошад. Рафту агар Қодири Ашўр расмро шиносад, бахт ба рўямон хандид гуфтан гиред.
  • Агар нашиносад - чӣ?
  • Дар он сурат ба ин расм аз дигар кунҷ нигоҳ кардан лозим мешавад.
  • Он чӣ кунҷест, рафиқ полковник?
  • Кунҷе ки тобиши он мусаффост.
  • Гуфтаниед, ки моро дигар бо ў коре нест?
  • Агар ўро он писарбача нашиносад.
  • Чӣ мо худамон дар ин ҷода баҳри дайн намудани гуноҳи вай талош намеварзем?
  • Меварзем, вале агар ў бегуноҳ бошад, моро ба ҷуз эътироф намудани шикасти хеш дигар чорае намемонад.
    Медонед - чӣ, - рафиқ лейтенанти калон?
  • Чӣ?
пешина
аз 527
навбатӣ