Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кўдаки ноболиғ ва одамкушӣ гумонбар дониста шудаед.
Шумо ҳуқуқ доред...
Гумонбаршуда, ки лаҳзае пеш дар иҳотаи ду милитсионер ба дафтари кории муфаттиш Фирдавси Ҳаким оварда шуда буд, чашм аз фарш намеканд.
Суханони муфаттиш дар гўшаш садо доданду садо...

  • Шумо ҳуқуқ доред...
  • Не, ба ман ҳимоячӣ ҳам лозим нест, - гуфт ў.
  • Чун шумо дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин гумонбаред ва қонун барои содир намудани чунин ҷиноятҳо дараҷаи баланди ҷазоро муайян намудааст, иштироки ҳимоячӣ ҳатмист ва агар шумо нафареро интихоб накунед, давлат худаш баҳратон ҳимоячиро таъмин мекунад.
  • Ихтиёратон...
    Соате пас дар ҳузури ҳимоячӣ Фирдавси Ҳаким ва Сорбони Ҳомид боз сари ҳамин масъала баргаштанд.
  • Пеш аз ҳама мегуфтед, ки бо супориши кӣ Фарҳод Замирро ба қатл расонидед?
  • Банда ҳеҷ гоҳ баҳри амали коре худсарона даст назадаам.
  • Инашро шумо аллакай гуфта гузаштед.
  • Ман супоришро аз сержант Сайф Насим гирифтам. Ба фикрам ў ин супоришро аз худи шеф гирифта буд. Ба ҳар ҳол ў ба ман гуфт, ки ин супориши шеф аст.
  • Шеф гуфта киро дар назар доред?
  • Гўё ки намедонед.
  • Дар ин ҷо ман савол медиҳам, - ўро ҳушдор сохт муфаттиш.
  • Собиқ командири гурўҳамонро.
  • Ўро ному насаб нест?
  • Капитан Дороб Қамар.
  • Вай дар замонаш капитан буд ва акнун, ки шумо аз хизмати ҳарбӣ фарсахҳо дуред, хоҳиш мекардам, ки дигар унвонҳои пештараи худро фаромўш созед!
пешина
аз 527
навбатӣ