Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Дороб Қамар барои ману Сайф командир буд ва командир боқӣ хоҳад монд, ҳарчанд ин сухан ба шумо маъқул нест.
“Бо хар чӣ гўӣ, ки хар хар аст,”- аз дил гузаронид Сорбони Ҳомид ва гуфт:
- Супориши командирро оид ба аз байн бардоштани Фарҳод Замир дар куҷо иҷро намудед?
- Дар наздикии собиқ кинотеатри тобистонаи "Ситораи сурх".
- Пас чаро ҷисми беҷони вайро ба наздикии комбинати мебелбарорӣ овардед?
- Сайф гуфт, ки амри командир чунин аст, ки баъди иҷрои супориш ҷисмро ба дигар ноҳия бурда партоям.
- Сайф дар амалиёт иштирок дошт?
- Не.
- Чӣ тавр Фарҳоди Насимро пайдо намудед?
- Чун ман расмашро дар даст доштам ва нақшаи ҳаракаташро медонистам, бо мошин сари роҳаш баромадам. Ў ба куҷое шитоб дошт ва аз хизмати таксӣ истифода бурдан хост, банда бо талаби вай мошинро, ки нишонаи таксӣ дошт, боздоштам… Чун шаб буд, дар наздикии собиқ кинотеатри "Ситораи сурх" бо баҳонаи он ки бензин тамом шуд, аз мошин баромадам ва чун ў низ нияти дар ҳамон мавзеъ фаромадан намуд, кордро ба синааш задам. Вай ҳамоно ба дохили мошин афтид.
Қарибиҳои субҳ ман вайро ба дигар қисми шаҳр бурда партофтам... - Корд ҳоло дар куҷост?
- Кордро шуста дар хона, дурусттараш дар мошин мондам.
- Мақсади аз кишвар баромаданатон чӣ буд?
- Чун расми командир ва сержантро дар хиёбонҳои шаҳр дидам, ба хулосае омадам, ки дигар имконияти дар ин шаҳр зиндагӣ кардан нест.
-Дар ҳаётатон фақат як маротиба хулосаи дуруст баровардед, вале афсўс ки он ҳам бо фоҷиа анҷомид, - гуфт муфаттиш ва ба милисаҳо амр дод, ки ўро баранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор