Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди шиносоӣ бо нишондоди Хушдил Одил, Ҳусейн Акбар ва Сайф Насим прокурор ба донишу маҳорати мўйсафед аҳсан гуфт. Ҳамин хел дар дилаш, чунки мақоми доштааш имконият намедод, ки аҳсанро кушоду рушан баён созад. Чунин амал баробари шикасти хешро эътироф намудан буд... Ҳар чӣ ҳам буд ё набуд, ў гапи мўйсафед нашикаст ва бо ин амали хеш баҳри ғалаба дар ҳуҷум роҳ кушод. Тайи солиёни зиёде ў дар мақомоти тафтишотӣ кор карда буд ва то кунун дар ёд надошт, ки ҷинояткорон гуноҳи хешро ҳамин хел тез ба зимма бигиранд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки акнун мақомоти тафтишотӣ тамоми далелҳоро дар даст дошт ва баъди шунидани суханони хеш ҷинояткорон пофишорӣ карда натавонистанд...
Бо супориши вай соате пештар худи командирро баҳри пурсиш ба назди муфаттиш ҳозир намуданд. Акнун дар дафтари кории муфаттиш Фирдавси Ҳаким, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, бачаи боба, ё чӣ хеле ки худи ў мегуфт, дарвозӣ, ба пурсиши сарвари гурӯҳ Дороб Қамар дасту остин барзада буданд...
Пурсиш ҳоло дар кадом зина қарор дошт, намедонист, вале чун чашм ба соати пушти дар дўхт, ақрабаки он ба 12
– и шаб наздик мешуд. Дишаб вайро хоб набурд ва чанд маротиба ба мўйсафед занг зада, ҳолати корро донистан хост, зеро худ ба таваккал даст зада буд. Рафту агар Дороб Қамар ва шариконаш аз ҳудуди кишвар мебаромаданд, ў бе муҳобот ба курсии хеш хайрбод мегуфт. То кунун суханони мўйсафед дар гўшаш садо медиҳанду садо...

  • Таваккал нар бувад андеша мода...
  • Риск благородное дело...
  • Кто рискует, тот непёт шампанское..
    Дар ҳамин нисфи шаб ҳам бошад, ў сари мақоли охирини мўйсафед андеша намуда, даст ба гўшаки телефон бурд ва чанд тугмачаро дар аппарат зер намуд.
  • Муҳтарам прокурорро гўш мекунам, - шунид ў овози Ҳамид Ҷовидро.
пешина
аз 527
навбатӣ