Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Рафиқ полковник, бандаро ба таваккал кардан ҳидоят намудед, вале шампонро надида истодаам.
- Сабр ва боз ҳам сабр.
- Ман аллакай сабру тоқатро аз даст додам.
Намедонам, ки дарвозии шумо ва муфаттиши банда ягон дастоварде доранд ё не, ба ҳар ҳол то ба суҳбати онҳо шинос нашавам, хобам намебарад. Аз ин рў, нўшидан мехоҳам, вале шумо муҳтарам полковник, нағз медонед, ки банда дар танҳоӣ нўшиданро хуш надорам. Дар ин ними шаб бошад, ҳамқадаҳеро ёфтан душвор, шояд он шишаро якҷоя бо ҳам бинем? - Мегўянд ё мард бош, ё дар хизмати мард. Чун шумо чил соат пештар сухани бандаро нашикастед, пас чӣ тавр ман метавонистам сухани шуморо шиканам.
- Ин тавр, ки бошад, ман шуморо интизор.
- Ягон чиз биёрам?
- Лозим нест.
- Маълум ки хонаи гург бе устухон нест, - хандида гуфт Ҳамид Ҷовид ва гўшакро ба ҷояш гузошт...
Ҳанўз сардори ШКД пой ба остонаи дафтари кории Асад Ғанӣ нагузошта буд, ки телефони дохилӣ занг зад.
Прокурор гўшакро бардошта гулў рӯшан кард.
-Шеф гумонбаршуда Дороб Қамар шуморо дидан мехоҳад. - Ўро чӣ мақсадест?
- Намедонам.
- Майлаш, ўро то ин ҷо гусел намоед.
- Мо ҳам биёем.
- Шумою дарвозӣ каме сабр намоед, баъд ман худам шуморо ҷеғ мезанам.
- Хуб шудааст...
- Оҳ - ҳо, ягон тайёрӣ нест ё банда куфр гуфтам?
Хонаи гург ҳам бе устухон мешудааст? Ё тавба! - баробари дарро кушода вориди дафтари кории прокурор шудан изҳори нигаронӣ намуда гуфт Ҳамид Ҷовид. - Ҳоло ҳамааш мешавад, - гўён Асад Ғанӣ меҳмонро ба нишастан таклиф намуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор