Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чӣ хеле гуфтам, ӯро Мижгон ном аст. Файз ин насаби ӯст, дурустараш насаби шавҳараш, вале ҳамагон ӯро Мижгони Файз ном мебурданд. Шавҳараш бошад, Фирӯзи Файз. Эҳтимол ӯ баъди ақди никоҳ насаби шавҳарашро гирифтааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки духтар устухони даҳони саг аст ва чун рӯзу соаташ расад, ному насабашро ҳам нисори қудуми шавҳар мекунад. Ҳамаи инро ба ҳамон хотир мегӯям, ки замоне Мижгон чун алмос дар нигини воситаҳои ахбори омма ҷило медод, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Замоне ӯ дар ҳайати дастаи парашутчиёни кишвар фаъолият доштааст ва борҳо сазовори ҷойҳои намоён гашта, шарафи диёрро дар мусобиқаҳои ватанию байналмилалӣ ҳифз намудааст.
-Ӯ чикора буд?
-Мудири кадом як филиали бонки “Аврора.”
-Агар ӯ чун алмос дар нигини ВАО ҷило медод, пас чаро насаби хешро ҳифз накард?
-Гуфтам, ку духтар чун устухони даҳони саг аст ё кӣ медонад.
-“Ё, кӣ медонад?” - гуфтанатон чӣ маънӣ дорад?
-Ҳамин хел дар омади гап гуфтам, вале агар ман чунин шуҳратёр мешудам, ҳаргиз насабамро тағйир намедодам. Ба ростӣ, ман ҳам боре дар ин бора аз ӯ пурсон шудам, ки чаро насаби хешро ҳифз накард, вале аз ҷавоби додааш қаноатманд нашудам. Ба таври дигар гӯем, ӯ бо хоҳиши хеш бар гузашта салавот гуфт. Аминам ки маро мефаҳмед?
-На он қадар.
-Гумон мекунам ҳар чанд “рақс дар само” ба ӯ шӯҳрат овард, вале он шӯҳрат ба вай хушбахтӣ наовард. Ин ҳама андешаҳои ман аст.
-Ӯ чандсола буд?
-Чанд сола буданашро ҳам намедонистам, вале моҳе пештар вай аз ман пурсид, ки “Сабо, ту чандсолаӣ?” Гуфтам бистусесола ва хонум гуфтанд, ки аз ман як мучал хурд будаӣ.
Пурсидам: “Мижгон - апа мучали шумо чист?” Гуфт; “Саг” ва боз илова намуд, ки сагҳо ҳама вафодоранд ба ҷуз ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё