Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ростӣ, аз пардапӯшонааш чизеро нафаҳмидам, вале бояд гӯям, ки мучали ман ҳам саг аст. Мижгон ҳамсари тоҷири муваффақ Фирӯз аст. Ҳарчанд онҳо беш аз даҳ сол бо ҳам зиндагӣ доранд, мутаассифона, фарзанддор нашуданд ва аз рӯйи баъзе овозаҳо шавҳараш пинҳонӣ бо зани дигаре издивоҷ намуда, аз он издивоҷ фарзанде ба дунё овардааст. Аз ҳамин лиҳоз ҳафтае ё дар ду ҳафта як маротиба шабона ба хона намеояд. Дар асл барои ҳар дег кафлеси мутобиқ ба худаш лозим ва афсӯс ки Фирӯз-ако инро дер фаҳмид.
-Нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмост?
-Ҳамааш.
-Ба андешаи банда рӯзгори ин оила саропо муаммост, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Аз рӯй шунидам Мижгон дар зиндагӣ тиҷорати алоҳидаи хешро дошт.
-Он чӣ гуна тиҷорат будааст?
-Инро касе намедонад, вале зиндагии шоҳонаи вайро ҳаққу ҳамсояҳо дида мегӯянд, ки инсон бо як маоши одӣ ҳаргиз ба чунин дастовардҳо ноил намешавад.
-Ӯро ба ҷуз ҳамон хона боз чӣ бойгарие ҳаст?
-Овозаҳо ҳаст, ки ӯ дар шаҳр боз ду - се хона дорад ва албатта онҳо дар номи худаш нестанд. Аз ҳама муҳимаш он ки вайро кадом як тамокуфӯруш сарпараст будааст.
-Агар мегуфтед, ки ягон вазир ӯро сарпараст буд, бовар мекардем, вале тамокуфурӯш он қадар ба ҳақиқат рост намеояд.
-Аз рӯй овозаҳо баъзе вазирону кабирон ҳам дастнигари ҳамон тамокуфурӯшанд.
-Хоҳиш мекунам бе далел сухан нагӯед?
-То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
-Хуш “шамол” ба гӯши шумо ин “мужда” - ро чӣ гуна расонд?

пешина
аз 527
навбатӣ