Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт

ТЕҒИ СУХАН
Роман
Сухан теғ аст,
Теғи тезу урён аст!
Агар ўро занӣ ноҷо,
Сари сабзат гаравгон аст
Садои баланду ваҳмангези тир хомўшии шабро халалдор кард. Кўҳу камар ҳама акси садо дода ларзиданд ва ё дар назари Самандар ҳамин хел намуд. Акси садои дар кўҳҳо бархӯрда он қадар дилхарош ва даҳшатнок буд, ки ба ҷуз ў ва сарчўпон Шодии Лоиқ рамаи то кунун хуфта ва сагҳои чўпонӣ низ безобита шуданд. Сагҳо ба чор тараф давида бенизом аккос мезаданд. Рама ба ҳаракат даромада, бо маосу валвалаи хеш гӯё гўши фалакро кар мекард. Дар ин шаби ситоразор ҳарчи шуду гузашт, табъи бе ин ҳам хираи Самандарро боз хиратар сохт.
Рахш низ бо шиҳаи хеш аз худ дарак дод. Сарчўпон шиҳаи аспро, ки номаш то Қофу Қайсар рафта буд, шунида, дилаш каме таскин ёфт, ки овоз баровард:
– Самандар!
– Лаббай.
– Худаш чӣ гап?
– Намедонам.
– Чӣ хел намедонӣ, овози тирро нашунидӣ?
– Шунидам.
– Шояд ягон шикорчӣ…
– Шикорчӣ дар ҳамин шаби тор… Ҳеҷ ба ақл рост намегирад.
– Рафту бо ягон дарранда рў ба рў шуда бошад?
– Намедонам, намедонам, ҳама кор шуданаш мумкин.
– Соат чанд?
–“Дуву бисту панҷ дақиқа,” – баробари зер кардани тугмача чун ҷавобак хабар дод соати дастӣ ва Самандар гуфтаҳои соатро ба самъи сарчўпон бе каму кост расонид.
– Оҳҳо ними шаб будааст – ку.
– Ҳа, ними шаб.
– Ба ҳар ҳол дилам хавотир.
– Аз чӣ?
– Аз тақдири сайёд.

аз 513
навбатӣ