Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Замин сахту осмон баланд.
– Рост дар ин шаби тор ҳеҷ чизро фаҳмида намешавад.
Бовар кун, нав садои тиру туфангро ба гўшаи фаромўшӣ дода будем ва боз ин садои дилхарош дар шаби тор аз куҷо баромад?
– Намедонам.
– Ҳарчанд худат дар ин ҷойҳо набудӣ, вале овозаи силоҳбадастон то Қофу Қайсар рафта буд.
Самандар каме дар хиҷолат монд, вале сарчўпон, ки аз ў дуртар меистод, имконияти дар торикӣ мушоҳида кардани тағйиротеро дар қиёфаи мусоҳибаш ҳис накард, вагарна аз гуфта пушаймон мешуд. Самандар он солҳо дар маҳбас буд.
Қофу Қайсар гуфтани Шодии Лоиқ шояд маънии маҳбас ё худ ҳабсхонаро дошт, ба ҳар ҳол Самандар сухани сарчўпонро ҳамин хел фаҳмид. Ду - се моҳи охир ў аз бегуноҳ суд шудани хеш чанд маротиба ба ҳамдеҳагонаш мегуфт, вале ҳеҷ кас ба суханонаш бовар намекард. Ҳарчанд дар рў ба рўяш нагўянд ҳам, вале аз қафо мегуфтанд, ки Самандари бачаи Раҳим аз худ мусичаи бегуноҳ метарошад. Наход одамро бегуноҳ суд намоянд? Охир ў кам не, ғам не, автомати Калашниковро гум кардааст, магар ин гуноҳ нест?
– Самандар!
– Лаббай?
– Дар он ҷо ҳам силоҳбадастон буданд?
– Магар Қофу Қайсар бе силоҳбадаст мешавад? – кинояи сарчўпонро фаҳмида посух дод ў.
– Не, ман макони хизмататро дар назар доштам, – худро сафед карданӣ шуда гуфт Шодии Лоиқ.
– Буданд, сараввал мо худ муҳофизи силоҳбадаст будем ва чун вақту соаташ омад, аз рўйи эҳтиром моро муҳофизат мекарданд.
– Ба дил нагир, ман ҳамин хел дар омади гап гуфтам.
– Ман ҳам дар омади гапи шумо ҷавоб мегўям.
– Хайр, биё, рамаро ба қутан баргардонем, вагарна ин ҷонварон дар шаби тор ҳам иштиҳояшон қозгир аст.
Самандар ба пеш ҳаракат карда, сари рамаро пас гардонда, ба асо такя намуд. Баъди лаҳзае ба ҷояш нишаст.
Дар ду моҳи чўпонӣ нозукиҳои ин касбро аз Шодии Лоиқ хеле омўхта буд ва фаҳмид, ки замин бистару санг болишти чўпон будааст.

пешина
аз 513
навбатӣ