Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Гўё намедонед?
– Аз куҷо донам?
– Нашъаҷаллоб аст вай. Гуноҳаш дар гардани худаш, мардум ҳамин хел мегўянд.
Дигар аз вохўрӣ бо Сабоҳат ҷойи андеша набуд. Сабоҳат ҳеҷ гоҳ ба коре даст нахоҳад зад, чунки ў дар никоҳ будааст ва шариати ислом духтарро аз нуҳсолагӣ ба балоғатрасида ҳисоб мекунад. Агар ўро маҷбуран ба шавҳар дода бошанд, волидайнаш дар назди қонун бояд ҷазо гиранд, вале онҳо низ ҷазои хеш гирифтаанд, чунки ҳаёти нури чашми хешро хазон карданд. Шахсе, ки бояд ҷазо мегирифт, дигар дар қайди ҳаёт нест. Бо ҳамин фикру хаёл ў ба дар ангушт зад. Духтаре бо рўймолу пероҳани сиёҳ дар ба рўяш кушод.
– Сабоҳат?
– Ҳа, ман. Шумо аз милисаед?
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Мўйсафед маро огоҳ карда буд, ки агар милисаҳо пурсанд, мақсади ташрифи маро пинҳон намекунад.
Марҳамат, ба хона гузаред.
Сорбони Ҳомид вориди ҳавлӣ гашт. Ҳавлӣ тозаю озода буд. Дар як гўшаи он писарбачаи панҷ - шашсолае давутоз дошт. Сабоҳат меҳмонро то ба пеши кат, ки дар зери токи ангур ҷойгир буд, бурд ва аз рўи одоби меҳмондорӣ кӯрпача партофта, ўро хайрамақдам гуфт.
– Ҳозир як чой биёрам, – гўён духтар хост ба тарафи ошхона равад, вале меҳмон ўро боздошт ва гуфт, ки агар хонум зид набошад, ба чанд саволи хеш ҷавоб гирифтанист.
– Марҳамат, - гўён духтар болои курсие, ки дар пеши кати чӯбин меистод, нишаст.
Сорбони Ҳомид ба ҳамаи саволҳои хеш ҷавоб гирифт.
Духтар аз қисмати талхи хеш нолид, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ фаҳмид, ки Сабоҳат тифли дар батнаш бударо ҳифз хоҳад кард. Пас дар ин бора метавон осуда буд.
Муҳимаш, ки ў тифли хешро чун нишоне аз ин зиндагии талх ба дунё оварданист. Духтар сухане ба муқобили падару модар нагуфт. Исбот кардан хост, ки дар ҳама кор худаш гунаҳкор аст, чунки Солеҳ Ҷалилро дўст дошт ва андеша накард, ки ў зану фарзанд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё