Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мурғи ишқаш болу пар кушод ва ба парвоз омода будани хешро иброз кард, вале барои кимкадом боре ў пару боли он мурғи ҳумо бишикаст…
Ин субҳ чӣ қадар кӯшиш ба харҷ дод, то дар вуҷуди он муллои ҷодугар тарсу ҳарос ҷой диҳад. То кадом андоза ин кор ба ў даст дод, ҳоло чизе гуфтан наметавонад, вале Даврон барои ёфтани бор кўшиш ба харҷ хоҳад дод, агар ў худ он борро пинҳон накарда бошад.
– Наход ба милиса муяссар шавад, ки асрори ниҳони мо ошкор созад? Охир ҷиноят дар дигар минтақа рух додааст, бигузор милитса аз мардуми ҳамон маҳал гумонбар шавад.
Агар Даврон телевизор тамошо карда бошад, аз ҳодиса огоҳ шуд ва ба гумон аст, ки субҳи фардо ба мавзеи Гулобод равад.
Шояд рафтанаш ҳам шарт набудагист. Агар худ борро пинҳон карда бошад, чӣ лозим ба он ҷо рафтанаш? Ҳамон рўзи таъиншуда ҳамроҳи ману намояндаи шеф меравад. Не, то вақту соаташ сабр кардан лозим. Ду рўз пас ҳамааш аён хоҳад гашт.
Аз фикрҳои бесару нӯг дарди сарро ҳис кард ва аз ҷойи бархеста, аз ҷевон доруе гирифта, ба даҳон партофту аз болояш об нўшид. Сипас тағйири либос карда, болои бистар дароз кашид…
“Лайлӣ чаро боз назди оина истодаӣ? Ахмақ аст марде, ки ба духтар дар рўзи тўй ва ба асп дар рўзи борон дил мебандад.
– Оча, ҷон очаҷон!
– Чӣ буд ҷонам?
– Акнун ман шишаи шикастаам ва афсўс ба гапи ту гўш накардам.
– Ин хел нагў бачам. Диламро сиёҳ накун. Шаъни хешро чаро пеши по мезанӣ? Ҳамсояҳо шунаванд чӣ мегўянд? - гўён модар бо пероҳани ҳарираш аз ў дур шуд. “Оча, очаҷон нарав! маро танҳо нагузор.” Лайлӣ ларзида бедор шуд, ҳамааш дар хоб будааст.


– Сабо!.
– Ман.
– Он марди аз дарвозаи ҳавлии мо баромада кӣ буд?
– Милиса будааст.

пешина
аз 513
навбатӣ