Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Қамчинро кор фармо, қамчинро. Мефаҳмӣ беҳтарин асп ҳам муҳтоҷи тозиёна аст…
Давоми сухани сарчўпонро Самандар нашунид. Ў аз сухани сарчўпон шикастана гардани шайтонро шикаст ва баробари гирифтани зарба Рахш чун бод ўро дар фарози дара ба тарафи роҳи калон бурд.
– Зебою шикстнопазиртарин зан муҳтоҷи... - давоми суханони ҳамешагии сарчўпонро ба ёд овард Самандар.
– Эй Ширин, Ширин, бо як нигоҳ дили ман шикофтӣ ва акнун канораҷўӣ мекунӣ! Самандар вохўрии аввалинашро дар сари чашмаи паҳлуи боғашон ба ёд овард. Рўзҳои аввали аз маҳбас омадан ҳам Самандар ором набуд. Тамоми рўз ў дар боғ бехи дарахтонро нарм мекард. Чашмаи паҳлуи боғ аслан ҷойи суҳбати духтарони маҳаллаашон аст, ки баҳри бурдани об меомаданд. Шукри Худо, ки маҳаллаашон духтарони қадрасу зебои зиёде доштааст ва аксари онҳо сари чашма соатҳо суҳбат мекарданд, гўё бе суҳбат рўзи онҳо намегузашт. Ба суҳбати духтарони маҳалла танҳо як нафар ҳамроҳ намешуд. Ў чун ба лаби чашма мерасид, об гирифта, бо сари хам ҳамоно пас мегашт. Чун дигар духтарон бо овози баланд қоҳ – қоҳ зада намехандид, умуман нигоҳаш ба зиндагӣ дигар буд. Ин духтараки шармгин Ширин буд, ки ҳатто хоҳари Самандар Шаҳло ҳам ўро бад медид, муғамбир мегуфт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, маҳз ҳамон духтари муғамбир ба дили Самандар пайкон зад…
Чун сухан дар бораи фотеҳа намудани ў рафт, Самандар номи Ширинро ба забон овард. Волидайнаш лом нагуфтанд, духтари бад нест, вале Шаҳло зид баромада гуфт, ки наход Маликаю Наргисро монда, талабгори Ширин барин духтаре шавед, ки то кунун хандаашро касе надидааст, муғамбир аст Ширини мегуфтагиат…
– Ман гулеро дўст медорам, ки дар гулзор нест, - ба ҳимояи хеш бархест Самандар.
– Инаш рост, - бо алам гуфт Шаҳло, ки мехост Малика ё Наргисро ба акааш арўс намояд. Ду ҳафта пеш падару модараш ба хонаи Ширин рафтанд. Розигии падару модари духтарро гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё