Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ташхису тафтиш поён ёфт, ҷасади он марди гумномро ба машини “Ёрии таъҷилӣ” бор карданд ва ба дасти Шодии Лоиқ баҳри чўпони ҳамроҳаш даъватномае дода, бо ў худоҳофизӣ намуданд…


– Бечора вай кӣ будаасст? - баробари шунидани нақли Шодии Лоиқ пурсид Самандар.
– Надонам, милисаҳо ҳам ягон ҳуҷҷаташро наёфтанд. Ду дандонаш, аз ҷумла дандони ашкаш аз тарафи рост аз фулузи зард будааст. Дандонҳояш аз тиллою либосҳояш нимдошт, дар пояш мўзаҳои латтагии зарди нимдошт доштааст.
Милисаҳо гуфтанд, ки дандонҳояш ин нишонаи махсусанд ва шояд дар муайян намудани шахсияташ ёрӣ диҳанд. Ба ростӣ, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр аз рўи дандонҳои зард шахсияти мақтулро муайян мекунанд. Ҳоло гузоштани дандонҳои зард мӯд шудагӣ. Ҳафтаи гузашта духтари ҳамсояи мо Гулбарг ҳам дандонҳои зебояшро арра намуда, болояшонро тилло кашидааст. Нони хўрдан надоранду ҳавою ҳавасашон то ба куҷо. Дарвоқеъ милитсаҳо барои ту ҳам коғазчае фиристоданд.
Шодии Лоиқ ҷайбашро такурӯй карда, он коғази чорқатшударо берун оварда ба дасти мусоҳибаш дод.
Самандар он коғази ғиҷимшудаи чорқатро кушода, чашм дӯхта, ниҳоят пурсид:
– Онҳо ному насаби маро аз куҷо медонанд?
– Аз ман пурсиданд, ки ба ҷуз худат боз кӣ овози тирро шунид ва ман ному насабатро гуфтам ё магар хато кардам?
– Не, вале худатон медонед, ки ман он қадар майли ба милиса рафтан надорам.
– О, ки қарзи шаҳрвандии мост, магар мо нияти касеро туҳмат кардан дорем?
– Албатта не.
– Пас чӣ ҷойи гила, фардо ба милиса меравӣ ва суханони маро тасдиқ карда меоӣ.
– Кадом суханонатонро?
– О, шунидӣ садои тирро дар соати дуи шаб?
–Бале...
Сари субҳ ў пойи бар рикоби Рахш монда, бо сарчўпон худоҳофизӣ намуда, лаҷомро сар дод. Асп ба пеш қадам ниҳода, чун марди солору пуртамкин оҳиста - оҳиста равон шуд.

пешина
аз 513
навбатӣ