Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Афсўс ки худат ҳамаашро нашунидӣ.
– Муҳимашро шунидам. Фардо ба давоми корҳои ҷустуҷўӣ оғоз мекунам.
– Умедам ба шумо, рафиқ капитан, - гўён мусоҳибаш алоқаро қатъ кард.
Садои гуд - гуди телефон ўро ба худ овард ва боз тугмачаи дигари пултро пахш кард ва чун Наҷиб рўйи навор омад, ў боз гўш ба суруди бародар дод…
– Кӣ буд? - пурсид Умеда.
– Ҳамид Ҷовид, сардори ШКД – и ноҳияи Гулобод.
Инсони ниҳоят ҳалиму меҳрубон.
– Чуноне гап мезанӣ, ки шунаванда гумон мекунад, нияти ба Гулобод рафтан дорӣ?
-“Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст,” гуфтанд. Бо инсоне чун Ҳамид Ҷовид кор кардан шараф аст.
– Не, ҷони ширин, ин фикрро аз сарат дур кун. Ба ману Расул ҳамин шаҳр маъқултар. Кўшиш намо, ки дар ҷойи кори асосиат бошӣ. Кўҳ ба кўҳу дашт ба дашт гаштанат ба ҷони ман зад. Ду ҳафта боз дар хона набудӣ ва боз дилат ба кадом як Гулободе кашол.
– Андешаҳои хомро аз сарат дур кун. Борҳо ба ту гуфтам, ки милиса ин колхоз не, балки мақомоти қудратист бо интизоми оҳанин. Ман ҳақ надорам, ки ҳамчун шахси ҳарбӣ аз супориш саркашӣ намоям.
– Оташин нашав. Гумон дорӣ, ки ба ман осон аст. Рўзи дароз чун зиндонӣ дар хона. Ё шумо мардҳои ҳарбиро ба оила, ки худ бунёди ҷомеа аст, коре нест?
– Баръакс, моро ҳар рўз дар ин бора ҳушдор месозанд, ки нисбат ба бонувони хеш боэҳтиром бошем.
-Эҳтиромаш ҳамин аст, ки барои каме озор ба сари ҳамсарат теғу табар баркашӣ.
Чун аз кўҳ посух омаду аз шавҳар не, Умеда Расулро гирифта ба хонаи хобаш бурд.
Баробари аз ҳуҷра баромадани ҳамсар Сорбони Ҳомид сари додугирифт ва суҳбатҳои рўзи сипаришуда ба андеша рафт. Вай ҳамарўза ба таҳлили кори хеш мепардохт ва сабаби норасоии кори хешро ҷўё мешуд. Таҳлил ин сирри муваффақиятҳои кораш буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ