Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“-Худат - ку ба ҳимояи Сабоҳати Маҳмад хестӣ, ҳамон муфаттиш ҳам мисли худат. Шумо ҳарду заволаи як хамиред,”-нидо омад аз қалбаш.
Ў ба ҳимояи ҳифзи хеш накўшид. Ба дифои Сабоҳат ҳам хестанӣ нест. Чун ягон нӯги гиреҳе дар он намебинад, ҳама даву тозро бе натиҷа меҳисобад. Нағз медонад, ки Сабоҳат қурбонии дузахма шудаааст ва наметавонад аз рўи волидайн шикоят барад.
Бо ҳамин фикру хаёл ў телевизорро хомўш карда, ба хонаи хоб рафт…
Самандарро имшаб хоб набурд. Ў аз хайма берун ҷойхоби хеш партофта, то дамидани субҳ чашм аз осмони пурситора наканд. Дирўз Шодии Лоиқ аз деҳа баргашт ва баҳраш савғое овард.
«Савғо» ҳам одӣ набуд ва ҳар кӣ онро ба даст мегирифт, вуҷудаш меларзид. Самандар даъватномаро аз дасти Шодии Лоиқ гирифта фаҳмид, ки ўро боз сари ҳамон ҳодиса ҷеғ задаанд. Ў аз он метарсид, ки дар милиса ўро чун гумонбар ба ҷиноят ҳабс накунанд. Бечора Самандар аз куҷо медонист, ки сардори ШКД Ҳамид Ҷовид баъди бозгашт аз раёсати вилоятӣ ҳамаро сари по хезонидааст. Зердастони ў бошанд, ҳолномаи ҳамаи шахсони дар зери назорат бударо варақгардон намуда, ҳангоми санҷиш ҳолатҳои корро аз рўйи нақш дар асоси ҷиноятҳои пеш содиркардашуда ба инобат гирифта, ба мақоми гумонбаршуда доир ба ҳодисаи дар мавзеи Хушкакдара содиршуда ўро бо сабабҳои: якум бинобар ба анҷом расонидани амалиёт тавассути АКСУ, дуюм, шахсе, ки барои гум намудани чунин намуди яроқ ба ҷавобгари ҷиноӣ кашида шудааст, сеюм, дар ҷойи ҳодиса пайдошавии шахсе, ки замоне яроқашро гум кардааст, ғолиби озмун эълон намудаанд.
Не, Самандари Раҳим ҳоло дар ин бора чизе намедонист ва фаҳмид, ки милиса ба ў чун гови ало нигоҳ мекунад. Ў бегоҳӣ, вақте ки аз дасти сарчўпон он даъватномаи милисаро гирифт, гумон кард, ки дасташ сӯхт. Сарчўпон тағйиротеро дар рӯйи ў дида, дилбардорӣ кард, ки “ҳеҷ гап нест, ана маро ҳам ҷеғ зада пурсида, ҷавобам доданд.” Сарчўпон ин дафъа дурўғ гуфт, ба хотири он ки Самандар осуда бошад, вале дили чўпон хавотир буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо