Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз он ки Шодии Лоиқро ҷавоб доданд, барои ў кашфиёте ҳам набуд, чунки ӯ ҳеҷ гоҳ бо милиса сару кор надоштааст. Ҷеғ заданду пурсиданду ҷавоб доданд. Чияш нофаҳмо! Оё Шодӣ мефаҳмида бошад, ки байни худаш ва Самандар барои милиса тафовут хеле зиёд аст. Ва ин тафовутро кадоме аз ҳамяроқони худобехабараш баҳри ў, ки дар талоши ҷони дигаре буд, муҳайё намуд.
Боди серуни шабона сару рўйи чўпонро, ки аз хайма берун баҳри хеш рахти хоб густурда буд, палсомида, ўро ҳар замон ҳушёр месохт, то аз тамошои кайҳон ва ситораҳои бешумор, ки ба чашми тамошобин нур мепошиданд, ҳаловат барад. Самандар дар осмони пурситора ситораи хеш ҷўст ва онро пайдо кард. Дуртар аз Роҳи Каҳкашон ду ситорае паҳлуи ҳам медурахшиданд ва яке аз онҳоро Самандар ҳафтае пеш ситораи хеш номид. Дигарашро баҳри Ширин интихоб намуд.
Имшаб бошад, ҳарду ситораро хеле ҷўё шуд ва танҳо қарибиҳои дамидани субҳ онҳоро дарёфт. Ситораи хеш ва ситораи Ширинро, ки ҳарду паҳлуи ҳам дар фазои бекарон аз галласитораҳои дигар ҷудо медурахшиданд.
Ў чашм аз ситораи Ширин намеканд ва аз он чӣ ки ситораи арўсшавандааш аз ситораи худаш майли дурӣ ҷўстан надошт, дилаш каме ҳам бошад осуда шуд ва инро барои худ фоли нек пиндошт…
– Агар фардо маро ҳамчун гумонбар ба ҷурми даст доштанам дар ҷиноят муваққатан дар милиса боздошт намоянд - чӣ? Худоё, ҳама он азобҳои сесолаам кам буд, ки боз чунин як ҷинояти мудҳишро дар таги бинии мо содир намуданд. Чун овоза ба гўши Ширин расад, ки маро ҳабс намуданд, чӣ мегуфта бошад?
Ҳарчанд дар мавзеи Хушкакдара дар ин шаби охири моҳи август на бонги азон буду на овози мурғон, вале торафт хиратар шудани нури ситораҳо ин муждае аз фарорасии субҳи содиқ буд.
Ин дафъа ситораи Ширин аз ў дур шудан гирифт ва ситораи худаш низ аз қафои ў рафта, аз чашми Самандар нопадид шуд. Дили ҷавонмард таҳ кашид. Гумон кард, ки худи Ширини зебо, ки ҳанўз дар орзуи висолаш аст, ўро тарк гуфт.

пешина
аз 513
навбатӣ