Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Самандар аз боди серуни пагоҳӣ хунук хўрда, чакманро то сари китфонаш кашид, вале нигоҳи хешро аз осмон наканд, то он замоне, ки субҳи содиқ фаро расид ва дар осмон ситорае намонд.
Рама аз дамидани субҳ бохабар шуд магар ки бархоста ба чаро машғул шуд. Самандар аз ҷой бархеста, асояшро ба даст гирифту аз қафои рама рафт…
Дирўз бегоҳӣ сарчўпон ба Самандар рухсат дод, ки ба хона равад ва шаб ҳамроҳи волидайнаш истода рўзи дигараш соати 14.30 дақиқа дар милиса ҳозир шавад. Дар даъватнома низ ҳамин соати гуфтагии сарчўпон нишон дода шуда буд.
Самандар дар он лаҳза ҳамаро дар мизони ақл баркашид ва фаҳмид, ки чун ба хона равад, падару модараш аз аҳволи ў хабардор шуда, хуни ҷигар шаванд. Беҳтараш фардо пас аз чаро омадани рама ба хона меравад ва шабро дар хона рӯз карда бармегардад. Ҳоло то ба милиса рафтан ҳашт - нуҳсоат вақт буд ва Самандар аз қафои рама рафт…
Баррачаю бузғолаҳо бо маосу валвала гўши фалак медариданд. Сагҳои чўпонӣ низ ҳар кадоме дар як самти муайян аз қафои рама буданд ва бо ак - аки худ рамаро ба оромӣ даъват мекарданд. Ак - аки онҳо шояд маънии “орому осуда бошед, мо муҳофизони шумо сар ба куштан медиҳему шуморо ба душман не” - ро дошт. Саги аз ҳама дўстдоштаи Самандар Урман аллакай дар сари ёл баромада буд ва чўпон дилпур гашт, ки дар он тарафи ёл душмане баҳри рама нест…
Нохост аз тарафи шахҳои қаторкўҳҳои қисми шимолии Гулобод селаи парандагоне, ки ҳисобашон бешумор буд, аз болои сари Самандар гузашта, ба самти ҷануб аз пайи ризқу рўзии хеш рафтанд. Рахш, ки Шодии Лоиқ шабона ба паҳлуи хаймаи чўпонӣ оварда будаш, Самандарро дида шиҳа кашид.
Дар ин шиҳа чӣ қадар дарду алам ва ё шодӣ ниҳон буд, Самандар нафаҳмид, вале беихтиёр ба тарафи асп ҳаракат карда, банди ўро якҷоя бо гулмех аз замин кашида гирифт.
Рахш ин меҳрубониҳои чўпонро дида, боз шиҳа зад ва ба тарафи Самандар нигариста, сару ёли хеш ҷунбондан гирифта, оҳиста - оҳиста ба вай наздик шуд. Чўпон бо панҷаҳои шахшулаш сару ёли аспро шона зад ва танҳо баъди ин Рахшро этак карда, аз қафои рама ба тарафи марғзори поёни дара ҳаракат намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо