Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҳафтаи гузашта чӣ тавр милисаҳо бо ў хушмуомила буданд. Ҳатто Гурезов дар назди он капитани ношинос гузаштаи ў ба ёд наовард. Хурсанд шуд, ки баъди ба меҳнат даст заданаш милисаҳо ҳам эҳтиромашро пос доштанд. Ҳар он чӣ ки ў медонист, ҳамон рўз гуфта дод. Барои суханҳои гуфтааш ба ҳуҷҷатҳои милиса даст монд. Пас онҳо боз чӣ мехоҳанд, ё гумон доранд, ки дар кўҳ аз қафои рама гашта Самандари Раҳим баҳри милисаҳо гап мебофад?
– Охир ман аз куҷо донам, ки кадом бандаи худобехабаре қасди ҷони бандаи муъмин намудааст? Муъмин бародари муъмин гуфтаанд. Ин суханро дар дигар ҷо не, балки дар худи Қуръони Маҷид овардаанд. Пас ҳамин аст расми бародарӣ?
Аслан, дар ин мавзеъ ў боре ҳам бо шахси ношинос рў ба рў наомадааст ва чӣ тавр шахси ношинос дар ҳамин мавзее, ки агар паранда пар занад, болу параш месўзад ва агар даранда гузарад, думу ёлаш мерезад, пайдо шуда, бо зиндагӣ хайрбод гуфтааст?
Қотил гӯё ҷой дигар наёфта Хушкакдараро майдони “набарди” хеш қарор дода. Беихтиёр боз ҳамон ш бораи ин мавзеи бепаҳно гуф овард:
Хушкакдара хушку оби Хушкакдара хушк, Болои лаби теғаи Хушкакдара хушк.
Барфои таги шебари Хушкакдара об,
1 Ҷўйбори бари новаи Хушкакдара хушк.
Ў болои ёл ба асо такя карда, боз ҳамон марзу ҳамяроқонашро пеши назар овард. Ба ҷуз Хуршед Миров, ки дар он шаби тор аз пушт тир хўрда буд ва командирашон прапоршик Ятими Тош аз ҳафт нафари дигар домангир буд.
Маҳз бо гуноҳи онҳо ў се соли расо, аз занг то занг, дар маҳбас истод. Хуршед Миров, вақте ки ба аёдаташ омад, гуфт: “Шахсе, ки яроқи туро дуздид, иншоолоҳ ба ғазаби Офаридгор меафтад.” Эй Худо, пас чаро он худоношиносро монда, боз аз гиребони мани бечора доштӣ? Чаро?
1 Шеър аз ҳофизи маъруф Дона Баҳром – Мард тақдирашро аз Худо мебинад, номард аз рафиқаш, - гуфта буд қиблагоҳаш вақти аз маҳбас озод шудану ба хона омаданаш ва акнун афсўс бар он хўрд, ки чаро аз ҳамяроқонаш домангир шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо