Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шармаш омад ва гиребони хеш дошта тавба кард. “Шояд ҳамааш аз азал дар пешонаам навишта шуда бошад, шояд касе ҳам аз ҳамяроқонам дар он шаби тор яроқамро нагирифта бошад?
Не, ба ёдам ҳаст, ки кадоме яроқамро аз дастам гирифт, то борам сабуктар шаваду Хуршедро дурусттар бурда тавонам.
Хайр, ҳаволаи бад ба Худо”…
Офтоб чун ба болои ёл расид, Самандар сари рама пас гардонда ба замин нишаст. Шодии Лоиқ сари оташдони назди хайма ҷумбуҷӯл дошт. Самандар бошад, дар гирдоби андешаҳои пуртуғёни худ ғӯтта мезад…
Баъди рафтани Гурдофарид сараввал Даврон ба қароре омад, ки умаман ба Гулобод рафтан лозим нест. Барои ба чунин қарор омадан ў асос ҳам дошт. Чӣ лозим буд ўро тайи ду рўз рафта дар кўҳу камар гаштан, модоме, ки ў дар куҷо будани борро нағз медонист. Ҳамааш ба он вобаста, ки Лайлӣ ду рўз пас чӣ хабари наве меорад. Агар дар ҳақиқат вазъ муташанниҷ бошад, дар он сурат ҷойи пинҳонкардаи борро нишон доданд лозим меояд. Беҳтар мешуд, ки худи Лайлӣ танҳо меомад, дар он сурат мувофиқи маслиҳати пешакӣ ҳарду ба назди он харсанги азимҷусса мерафтанд ва халтаи борро кашида мебароварданд. Лайлӣ аз ду сар эътирозе нахоҳад кард, зеро худи ў супориш дода буд, ки чун борро ёфтам, онро ба ягон ҷойи бехавфтаре дурусттар пинҳон намоям. Рафту агар шеф ягон намояндаи дигарашро ҳамроҳи Лайлӣ фиристад ҳам, боке нест. Ў ҳардуро аз рўйи саҳначаи тарҳрезишуда тайи ду-се соат дар кўҳу камар дар сайргоҳи охирини Солеҳ Ҷалил роҳбаладӣ намуда, чун ҳарду ба ҷон омаданд, дар бозгашт аз роҳи пеши харсанг мегузаронад. Дар он сурат нураналонур мешавад. На сих месўзаду на кабоб…
Аммо дар аввали шаб Даврон аз фикри пештарааш гашт.
Ду рўз дар хона нишастан ин баробари ба қатли хеш ҳукм баровардан буд. Агар дар бораи сафари ў Лайлӣ ба шеф хабар диҳад ва ҳар як қадами ў, аллакай, дар зери назорат бошад – чӣ? Аҷиб, ки чаро онҳо ба маҳфил «Ҳамдилон» ном гузош - танд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо