Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Сари субҳ Даврон аз хона баромад ба вокзал рафт ва чун фаҳмид, ки то Гулобод автобус намеравад, ӯ ба самти дигари роҳ гузашта таксиеро боздошта то баромадгоҳи шаҳр рафт.
Аз он ҷо ба мошини роҳгузаре нишаста роҳи самти Гулободро пеш гирифт.
Соатҳои дувоздаҳ ў мошинро боздошта, бо ронанда ҳисобӣ намуда фаромад. Баъди рафтани мошин ў рақами онро ба дафтарчааш сабт кард, барои рўзи мабодо чун алибӣ барои шеф ва ба самти Хушкакдара равон гашт. Баъди ним соат аз пеши ў ҷавони аспсаворе баромад. Хост роҳашро дигар кунад, вале дер шуда буд. Аспсавор ўро дид…
Сари субҳ гирдоби андешаҳо капитани милитса Сорбони Ҳомидро дар ҳалқа гирифтанд. Боди субҳгоҳӣ дар ниҳоди ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ туғён намуд ва фикру хаёлоти дирўзаашро паҳну пареш сохт.
Ҳама он дастовардҳои дирўза дар назараш чун шишаи бишкаста намуд, ки пайванд кардани он ғайриимкон буд. Чун аз бистар берун ҷасту сару рўйи хеш бо оби хунук шуст, каме худро беҳтар ҳис намуд ва ба хонаи шафат гузашта, аз ҷевон бастаи нави қартаҳоро берун оварда, сари мизи кориаш нишаст ва ба сохтани хоначаҳои қартагӣ, ки замоне шуғли дўстдоштааш буд, сар кард. Дар ҳолате, ки қартаҳоро болои ҳам мечид, сари мақсаду мароми дирўзаи хеш, ки баҳри кори имрўза ба нақша гирифта буд, андеша кард.
Дирўз, агар вақт даст медод, ў аз рўйи суроғаи аз раёсати БДА гирифтааш ба назди хонум Хоҷаева, ки замоне бо мошини «Волво» Солеҳ Ҷалилро ба километри ҳаштуми роҳи Душанбе – Қаратоғ бурда буд, ташриф меовард ва ба ҳамон масъалаи чор сол пеш рухдода рушанӣ меандохт. Ин ҳамааш дирўз буд ва аз он хурсанд шуд, ки ў ба манзили Хоҷаева ташриф наовард. Кори шаб хандаи рўз гуфтаанд. Маҳз дар ҳамин субҳи солеҳон дар замоне, ки Расул хоби маст буду Умеда дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт, капитани милиса дар ҳуҷраи кориаш машғули сохтани бинои бисёрошёнаи қартагӣ ба таҳлили ин муаммо банд буд Сорбони Ҳомид, ки худ замоне вазифаи нозири қисми таҳлилро ба уҳда дошт, мақому манзалати таҳлилро дар омўзиш ва ба нақшагирии корҳои ҷустуҷўӣ хеле чуқур аз бар карда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо