Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Андреевич гузаштаи худ ба ёд намеовард ва барои аз ёд набаровардани гузаштааш чоруқҳои аз алафи лух сохтаи хешро, ки замоне пойафзоли давраи ҷавониаш буданд, болои дари баромадгоҳи хонааш овезон намудааст. Ҳар субҳ ҳангоми аз хона баромаданаш нигоҳи котиби дуюми давлати пуриқтидортарини ҷаҳон СССР ба он чоруқҳо бармехурдаст ва Михаил Андреевич ба худ мегуфтааст:
– Миша, фаромўш накун, ту кӣ будию кӣ шудӣ!
Чунин як марди бузург ҳаррўза гузаштаи хеш ба ёд оварда, пас ба кор мерафтааст, ман бошам…
“Афсўсу надомат фоида надорад,”-нидо омад аз қалбаш.
Аслан ў қалби хеш ҳеҷ нафаҳмид, ки нафаҳмид. Қалбе, ки гоҳ дар наъл мезанаду гоҳ дар пошна. Маҳз ҳамин дурўягии қалбаш ўро аз қадами бад ниҳодан боздошт. Не, ўро лозим буд, ки сари масъалаи фардо дар наздаш истода андеша намояд, ки оё месазад ба Гулобод рафтан.
– Ман бояд ба он ҷо равам. Ба мавзеи Гулобод рафтан ин, пеш аз ҳама барои ман як алибии1 боэътимоде хоҳад шуд.
Рафту аз қафоям назорат бошад, онҳо аз роҳ берун маро дунболагир шуда наметавонанд, чунки дар маҳали Хушкакдара агар паша пар занад, ба чашм метобад. Дар он сурат ман тамоми мавзеъро гирд хоҳам гашт, бигузор онҳо бовар намоянд, ки ман рафтам ва ба чунин амал бо хоҳиши Гурдофарид даст задам. Аз ин алибии боэътимодтаре нест.
Ниҳоят ў ба ҳамин хулоса омад, ки сари субҳ ба сафар мебарояд. Маҳз ҳамин қарор сабаб шуду Даврон майли хоб кард, то фардо субҳ аз пайи кор шавад.
Агар Даврон майли хоб намекарду чун шабҳои гузашта телевизорро то охир тамошо мекард, ахбори криминалиро мешунид ва шояд дар бораи сафари дар пеш истодааш фикру ақидааш дигар мешуд.
Дар давоми чанд соли шиносоӣ бори аввал Лайлӣ ба хобаш даромад. Ҳарчанд хоб кўтоҳу бе натиҷа буд, вале ба Даврон хуш омад ва ба хулосае омад, ки имшаб Лайлӣ низ дар фикри ў сар ба болишт гузоштааст.
1 Алибӣ – далел барои собит намудани бегуноҳии шахс.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо