Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сардори ШКД ба истиқболи капитани милиса аз ҷой бархест ва баъди салому ҳолпурсӣ курсиеро нишон дод. Чун Сорбони Ҳомид ба курсӣ нишаст, соҳиби утоқ низ дар курсии рў ба рўяш нишаста чаяшм ба рўи мусоҳибаш дӯхт. Ҳарчанд ў сухане ба забон наовард, вале аз нигоҳаш маълум буд, ки вазъи корро фаҳмидан мехоҳад. Сорбони Ҳомид аз дохили ҷузвдон гузориши хешро, ки аслан ба ҳисобот монанд буд, бароварда назди сардор гузошт. Ҳамид Ҷовид аз болои мизи кориаш айнакашро гирифта ба чашм гузошт ва ба мутолиа пардохт.
Капитани милитса бошад, суханони Гурезовро, ки ҳангоми бозгашт дар бораи назарияҳои навӣ ҷустуҷӯӣ ба самъи ў расонда буд, дар мизони ақл баркашид. Албатта, дар ду рўзе, ки ў дар Гулобод набуд, Ҳамид Ҷовид ҳамаро ба по хезондааст. Маҳз ҳамин ҳолат милисаро ба омўзиши ҳаёту фаъолияти шахсони дар қайди милисабуда водор намудааст.
Дар «озмун» – и соҳавӣ чўпони хоҷагии «Ҳосилот»
Самандари Раҳим “ғолиб” дониста шуда, Гурезов ба дасти сарчўпон баҳри ў даъватнома фиристодааст. Имрўз бояд соати 14.30 дақиқа чўпони хоҷагии «Ҳосилот» Самандари Раҳим ба милиса биёяд. Ваколатдори кофтукови ҷинотяӣ ба соати деворӣ, ки болои дари утоқи кории сардор овезон буд, ноаён нигарист. То вохўрӣ бо Самандари Раҳим се соат вақт буд.
– Аҷиб, чаро Гурезов дафъаи гузашта саргузашти чўпонро ба ёд наовард. Ба ҳар ҳол далелҳои мавҷуда худ ба муқобили ўянд. Ҳангоми хизмат яроқи хизматиашро гум кардааст. Айнан бо чунин намуди яроқи гумнамудаи Самандари Раҳим, Солеҳ Ҷалил дар ҳамон мавзее, ки Самандари Раҳим аз қафои рама аст, шаби 21–ум ба 22 август ба қатл расонида шудааст. Ба ҳар ҳол ба чўпон ҳам вазнин.
То ў бегуноҳии хешро собит месозад, ки хуни ҷигар мешавад.
Хайр, канӣ биёяд, бубинем чӣ мешавад.
– Оё намешуд, ки шахсан худатон аз қафои Хоҷаева мешудед, – ниҳоят гулӯ рӯшан кард Ҳамид Ҷовид.
– Ба фикри ман, Олег Ефремович аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд.

пешина
аз 513
навбатӣ