Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Вақт интизор намешавад вақт, мефаҳмед. Моҳи август ҳам поён шуд ва ба қавли сардори раёсат танҳо мо фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнинро, паст намудаем.
– Дар пеши даҳон кӯтал нест, ҳар чӣ хостааст гуфтааст.
– Ў ин гапро дар танҳоӣ не, дар ҳузури ҳама афсарони олирутба ва муовини вазир гуфт. Барои ҳамин ман аз худат хоҳиш кардам, ки …
– Дар ҳузури касе ҳам гуфта бошад, фарқаш нест.
Афсарону муовини вазир ҳам чӣ будани ҷинояту ҷинояткориро мефаҳманд ва ҳаргиз суханони сардори раёсатро дастгирӣ нахоҳанд кард. Солҳои охир чандин ҷиноятҳои вазнин нокушода мондаанд. Магар барои онҳо ҳам ШКД - ноҳияи Гулобод гунаҳкор аст. Ман баҳри он гашта омадам, ки ҷойи хеш он ҷо надидам, чунки бе ягон маълумоти дақиқ бо Хоҷаева рў ба рў шудан нахостам. Чунин вохўрӣ танҳо ба шикаст мебарад.
– Ташаккур, ки рости гапро гуфтӣ. Дигар кас мешуд, шояд як қатор далелҳо пеш меовард.
– Аз пеш овардани далели беҳуда чӣ суд? Ҳақиқат гарчанде талх аст, мо онро бояд бипазирем.
– Албатта. Ба ҳар ҳол шумо боварӣ доред, ки Ковалчук бе ягон ҳуҷҷат аз қафои ҳалли ин масъала мешавад?
– Ковалчук дар милиса одами нав нест ва ў шарафи касбии хеш медонад.
– Бисёр хуб. Дар давоми ду рўзе, ки шумо набудед, мо ҳам дастҳоро болои ҳам монда истироҳат накардем.
Дурусттараш ҳолномахонӣ кардем ва нафареро дар ин “озмун” “ғолиби мусобиқа” донистем.
– Медонам.
– Аз куҷо?
– Вақте ба номи шумо гузориш менавиштам, лейтенанти милиса Гурезов маро аз рафти воқеаҳои ду рўзи охир огоҳ кард.
– Бисёр хуб. Фикри шумо дар ин бора?
– Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, чун ки дар замони донишҷўӣ ҳам методҳои дедуктивиро намеписандидам.
– Дар нимаи дуюми рўз “ғолиби озмун” бояд ба ин ҷо биёяд, илтимос пурсиши ўро худатон ба уҳда гиред.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо