Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ў таҷрибаомўз ҳам бошад, боварӣ дорам, ки аз уҳдаи кор мебарояд. Муддати як моҳи дар ин ҷо буданаш мо ҳамаи илми хешро баҳраш арзонӣ доштем ва канӣ бубинем, ў чӣ гуна аз таҷрибаи корӣ ҳосил бардоштааст. Чӣ гуфтӣ, Абдурашид?
– Ташаккур ба бовариатон! Ман кўшиш мекунам, ки сазовори боварии шумо гардам! - аз ҷой бархеста гуфт таҷрибаомўз.
– Ба шумо барори кор мехоҳам, – гўён Ковалчук ба суҳбат нуқта гузошт.
Имрўз бошад, Олег Ефремович коғазҳои овардаи шогирдро варақ зад. Ӯ фаҳмид: муфаттише, ки корро дар ноҳияи Гулобод пеш мебарад, аз болои кормандони милисае, ки ў низ шомилаш ҳаст, ба суд «пешниҳод» менависад ва нусхаи аслии онро ба ШКД – и ноҳияи Марказӣ мефиристад, аз ҷазо натарсид. Дар қиёс ҷазои интизомӣ нисбат ба он хабарҳое, ки дар давоми камтар аз як шабонарўз шогирдаш Абдурашиди Шариф ба даст оварда буд, қариб қурбе надошт.
Олег Ефремович шогирдро бори дигар назди хеш хонд ва ба чанд саволи дар рафти хондани гузориши шогирд ба амаломада ҷавоб гирифт. Сипас, дар ҳузури таҷрибаомўз ў ба бахши навбатдории ШКД – и ноҳияи Гулобод занг зада, капитани милитса Сорбони Ҳомидро пурсид.
– Капитани милитса Сорбони Ҳомид шуморо гўш мекунад, – шунид овози мусоҳиби дирўзаашро.
– Подполковники милитса Ковалчук.
– Гўшам ба шумо, рафиқ подполковник…


Лайлӣ ларзида бедор шуд. Симои модарро бо пероҳани ҳарири сабз бори дигар пеши назар овард. Баъди чанд сол ў бори аввал модарро дар хоб дид. Ҳамон хел тозаю озода.
Рози дили хеш ва насиҳати модарро бори дигар ба ёд овард.
“-Акнун ман зарфи шикастаро мемонам, афсўс ки ба гапи худат гўш накардам,” – суханҳои лаҳзае пеш дар хоб бо модараш гуфтаро ба ёд овард Лайлӣ.
– Ин хел нагў, бачам. Диламро сиёҳ накун. О, шаъни хешро чаро пеши по мезанӣ? Ҳамсояҳо шунаванд, чӣ мегўянд?

пешина
аз 513
навбатӣ