Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Лайлӣ ба соати деворӣ, ки болои сараш буд, нигарист.
Ақрабаки соат севу панҷоҳ дақиқаро нишон медод. Аслан Лайлӣ хоби дидаашро ба хоби субҳона нисбат доду вуҷудашро ҳиссиёти ногуворе фаро гирифт. То субҳи содиқ камтар аз ним соат вақт буд. Ў ҳеҷ нафаҳмид, ки чаро модар аз ҳамсояҳо ёд кард…
Лайлӣ воқеаҳои аввали шабро ба ёд овард ва хоби дидаашро ба ахбори криминалӣ нисбат дод. “Шояд дар фикри Солеҳ хоб рафтаму модарамро хоб дидам,” - худро тасаллӣ дода, аз ҷой бархест. Чун субҳи дирўз баробари ба болои бистараш расидани офтоб аз хоб хесту баъди шунидани ахбори криминалӣ телевизорро хомўш кард. Дигар дар чашмонаш аз хоб асаре намонда буд…
“Гурдофарид” хилъати моҳутдорашро ба даст гирифта, урён ба ҳаммом рафт. Чаҳоряк соат қариб ҷисми хеш зери оби ширгарм гирифт ва сипас ба ҳуҷраи хобаш баргашт.
Чун то субҳ боз каме вақт буд, сари хоби дидааш андеша намуд ва албомро аз ҷевон гирифта, болои курсии мулоим нишасту онро варақ зад. Умуман, аз он рўзе ки ў худро шинохт, Солеҳ Ҷалилро дид ва расмҳои дар албом буда худ шаҳодати ҳамин ҳолат буданд. Лайлӣ хост, ки албомро сӯзонад, то дигар ному нишоне аз Солеҳ Ҷалил касе наёбад, вале натавонист. Фаҳмид, ки зиндагиро бо ҳама неку бадаш шукр бояд гуфт ва аз оташ задани расмҳо суде нест. Охир, Солеҳ Ҷалилро ҳамроҳи ў ҳамсояҳо ҳам дидаанд ва аз ҳама хавфноктараш онест, ки ўро дар километри ҳаштуми шоҳроҳи Душанбе – Қаратоғ дидаанд ва ў ҳатто рӯйи хеш дар ҳамон лаҳза пинҳон накард. Шояд ҳусну малоҳати хеш ба он мард нишон доданӣ шуда, ду дона зардолуро бурда ба дасташ дод.
Ҳарчанд дар нигоҳи мард хатареро ҳис накард, вале ба гумон аст, ки нақши холи байни абрӯвонаш дар ёди ў намонда бошад. Ба замми ин, тайи ин ҳафт сол ў борҳо ҳамроҳи Солеҳ Ҷалил ба тўю маъракаҳо рафта, аздусар дар фиттаҳои видео расмаш боқӣ мондааст. Дар дасти худаш ҳам чанд фиттае аз сабти якҷоя дорад. Кӣ медонист кор чунин анҷом мегирад?
– То куҷо мо занҳо кӯтоҳақлем. Мардон нисбати мо мутлақо дуруст гуфтаанд, ки мўйдарозему ақлкӯтоҳ. Аз марги Солеҳ ба ман танҳо ғам монд. Оташ рафту дудаш дар дили ман монд, - оҳ кашида гуфт ҷавонзан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо