Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Пас чӣ бояд кард? Охир ҳамаи фактҳо пурра ба муқобили вай буда, номзади арзандатаре ба ҷуз ў ба сифати гумонбаршуда надорем. Рафту дар давоми се шабонарўзи дигар, ки худи қонун рухсат додааст, мо чун ӯро боз намоему ягон гиреҳе аз ҷиноят наёбем, чӣ? - пурсид шогирд.
-Содир шудани ҷиноят маънои онро надорад, ки маҳз он ҳамон яроқест, ки замоне Самандари Раҳим дар марз гум кардааст. Ҳамин ҳолат ӯро аз нигоҳи подабон (милиса дар назар аст) чун гови ало дар байни пода муаррифӣ кард. Рафту мо яроқро ёбему исбот намоем, ки ҳамон яроқест Самандари Раҳим дар марз гум намудааст собит намудани дараҷаи гуно Ҷалил ба мо даст намедиҳад.
– Чаро?
– Чунки яроқи ўро дуздиданд, вале тафтишот шахсияти гунаҳкорро муайян карда натавонист. Самандари Раҳим бошад, барои хунукназариаш ҷазо гирифтааст.
– Яроқдуздро мо не, балки прокуратураи ҳарбӣ ва шуъбаи махсуси гарнизони ҳарбӣ бояд ошкор мекарданд.
– Фарқаш чӣ, кӣ ошкор мекард.
– Ҳеҷ шуморо нафаҳмидам, рафиқ капитан.
– Модоме ки прокуратураи ҳарбӣ ин корро ошкор накард, акнун мо бояд сари ин масъала рўшанӣ андозем.
Аслан он яроқи гумкардаи аскари қаторӣ Раҳимов Самандар рўзе аз худ дарак хоҳад дод ва шахсе, ки баҳри ҳамяроқаш чоҳ кофтааст, худ ба он чоҳ меафтад, ин як. Дуюм, агар Самандари Раҳим қотил мешуд, мо асло аз марги Солеҳ Ҷалил хабардор намешудем.
– Чӣ хел хабардор намешудем?
– Мавзеи Хушкакдара маҳалест, ки дар онҷо на як, балки даҳҳо ҷасади Солеҳ Ҷалил баринҳоро пинҳон кардан мумкин аст. Агар ў дар соати дуи шаб қасди ҷони Солеҳ Ҷалил мекард, то субҳ ҷасадро дар ҷойе пинҳон менамуд, ки на мо ва на зоғу заған ўро намеёфтем. Сеюм, Самандари Раҳим ҳамагӣ се моҳ дар озодист ва дар ин муддат ў як моҳ дар деҳа буда, боқимонда вақташ аз пайи рамаи хоҷагии «Ҳосилот»
гаштааст. Бо боварӣ гуфт, ки ў Солеҳ Ҷалилро на дидаасту на мешиносад. Пас чаро қасди ҷони нафари бегуноҳ мекардааст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо