Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

-Модоме ки маро Қамар Вайсович нафурўхт, пас чаро ба ў бовар накардам.
Болои сӯхта намакоб боз он муллои ҷодугар ҳам исбот кардан хост, ки Солеҳ аз соҳили Ому бе дастовез омада буд.
Ба ҳар ҳол дирўз ман ўро боб кардам. Чунон боб кардам, ки…
Не, ман имрўз ҳам ба суроғи Даврон намеравам. Боз як шабонарўз сабр мекунам. Агар ў худаш ҳам борро пинҳон карда бошад, барои чашмбандӣ аздусар ба Гулобод меравад.
Охир ў аз боло мисли бало метарсад. Солеҳ Ҷалил ҳам мисли қабилаҳои жан жуан1 баҳри хеш манқурти ҷонфидоеро ба майдон овард, бехабар аз он ки тақдири Она байт2 ўро дар пеш аст…
Лайлӣ бори дигар ба соати болои сараш нигарист ва тугмачаи пулти телевизорро зер кард.
Эй ошиқи фархундаҷон, ёрат манам, ёрат манам, Эй орзу, эй ормон, зорат манам, зорат манам…
Суруди Наргиси Садридин қалби бе ин ҳам хору залили духтарро ҳазинтар сохт ва ў боз даст ба тугмачаи пулт бурд…
Сипас, бистари хобаш ба тартиб оварда, назди оина рафт ва яке аз кремҳои хориҷиро ба даст гирифта, саргарми ороиши ҳусни хеш шуд.
Дар утоқи кор Гурезов се нафар се соат боз сари суҳбат қарор доштанд. Аслан ду нафар суҳбат доштанду нафаре “доварӣ.” Ниҳоят бо имои довар дар рафти ин гуфтушунид ним соат танаффус эълон карданду посухдиҳанда берун беромад…
Устоду шогирд натиҷаи суҳбатро муҳокима намуданд.
– Новобаста аз он ки сояи ҷиноят пурра ба болои Самандари Раҳим афтидааст, ман баҳри боздошти муваққатии ў дар милиса асосеро намебинам. Дар муддати се шабонарўзи дигар ҳам аз ҳамин беш аз ў нишондоде гирифта наметавонем. Дар он сурат мо бояд аз ў узр пурсида гуселаш намоем. Чунин амал бошад, шикасти навбатии худи мо хоҳад шуд.
1 Жан Жуан – қабилае, ки аз асир манқурт месохтанд.
2 Она байт – модаре. ки аз дасти писари манкурташ кушта шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо