Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гурезов чӣ гуфтанашро намедонист. Ў, ки худ дар милиса одами наву бе таҷриба буд, магар метавонист бо марде, ки дар давоми ду ҳафта дар ин ҷо буданаш нӯги ду ҷинояти ҷигилро кушод, баҳс кунад? Бубин, ҳатто сардори ШКД нисбат ба ў як эҳтироми беандоза дошт ва миш - миш буд, ки Ҳамид Ҷовид ўро бо дархост ба ин ҷо овардааст. Умуман, бо чунин фард кор кардан хушбахтист. Ба ҷуз он ки бандаро ба ин вохўрӣ тайёр намуд, дар тамоми давраи суҳбати мо сухане ба забон наовард. Ман гумон кардам, ки ў сари андешаҳои хеш дода шудааст. Маълум мешавад, ки ин хел набудааст ва ў тамоми рафти суҳбатро гўш кардааст.
– Корҳои ҷустуҷўиро мо бояд аз қадом самт оғоз намоем?
– Мо бояд дар тамоми самтҳо кор барем.
– Рафту самтҳо бе фосила бошанд - чӣ?
– Дар самти бефосила ба ҳуҷум намегузаранд. Акнун мо медонем, ки аз куҷо ба хуҷум гузарем. Пеш аз ҳама, дар муддати ду - се рўз мо бояд мавзеи Хушкакдараро ба зери назорат гирем. Дуюм, рафту агар бахтамон омад кунад, хонуми «Мерседес»–савор гиреҳи дар даст доштаи моро худ калоба мекунад. Нӯги дигари калобаро марди ношинос, ки имрўз азми саёҳати Хушкакдараро кардаст, дар даст дорад ва моро бо интиқолдиҳандаи дигари маводи мухаддир шинос хоҳад кард. Ятими Тош бошад, чун самти иловагии ҳуҷум боқӣ мемонад…
– Бо Самандари Раҳим чӣ кунем?
– Ман аллакай фикри хешро дар бораи ў гуфтам.
– Яъне, ў бегуноҳ аст?
– Шахсан ман чунин меҳисобам. Охир мо нисбат ба Самандари Раҳим ягон далели боэътимод надорем, чӣ тавр метавонем ўро боздошт намоем?
– Шумо дигар бо ў суҳбат кардан намехоҳед?
– Бе суҳбат намешавад. Мо бояд ба ў фаҳмонда диҳем, корхо на ба он дараҷае неканд, ки вай гумон дорад.
– Шояд ўро ҷеғ занам?
– Лозим нест, то анҷоми танаффус ҳамагӣ чор дақиқа вақт мондааст.
Дар ҳамон вақти таъиншуда Самандар ба дари утоқи кории Гурезов ангушт зада, иҷозати даромадан пурсид.

пешина
аз 513
навбатӣ