Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Марҳамат, гузашта шинед,– гуфт соҳиби утоқ ва чун Самандар ба курсӣ нишаст, ин дафъа капитани милиса Сорбони Ҳомид риштаи суханро ба даст гирифта гуфт:
– Ҳамин ним соат, ки шумо дар берун ҳавои тоза гирифтед, мо сари нишондодатон мубодилаи афкор намудем.
– Шумо ҳам ба бегуноҳии ман боварӣ надоред?
–Умуман, шахсро танҳо суд ҳуқуқи гунаҳкор ҳисобидан дорад, мо бошем…
– Гап занед, ҳарчанд ҳақиқат талх аст, вале ман онро меписандам.
– Ҳодисаи дар мавзеи Хушкакдара рухдода ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим болои худат соя афкандааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо ба шумо бовар намекунем.
– Инро чӣ хел фаҳмам: ҳам боварӣ ва ҳам соя?
– Дар милиса аксар вақт таваккал моро роҳбалад а, чунки касби мо ҳаминро тақозо мекунад, мо касеро маҷбуран ба коре ҷалб намудан ҳуқуқ надорем, вале рафти амалиёт баъзан ҳаминро талаб мекунад. Чунин рафтор бархилофи қонуни милиса аст, вале чӣ илоҷ? Мо айнан дар чунин ҳолат қарор дорем ва бе дастгирии шумо ба гумон аст...
–Чӣ хел бе дастгирии ман?
– Гуфтам - ку, ҳодисаи дар мавзеи Хушкакдара рухдода ба болои шумо ҳам ба таври ғайримустақим, такрор мекунам ғайримустақим, соя афкандааст. Аз ин рў, барои сояро аз хеш дур афкандан ва ёфтани қотил шумо метавонед бо мо ҳамкорӣ кунед.
– Чӣ хел ҳамкорӣ? Агар фикр намоед, ки ман аз болои ягон кас омада ба шумо арз мекунам, хато мекунед. Ман тайёрам, ки то аниқ намудани гуноҳам дар милиса истам.
Ҳамин ҳолат барои ман осонтар аст, ки аз болои нафаре омада ба шумо хабаркашӣ намоям.
– Дар милиса бе шумо ҳам хабаркашҳо ҳастанд ва мо ягон эҳтиёҷе ба хабари шумо ҳам надорем, - ба суҳбат хотима гузошт Сорбони Ҳомид.
Самандари Раҳим чӣ гуфтанашро надониста хомўш шуд.
Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки нек рафтор кард ё бад.
– Акнун ба шумо ҷавоб, даъватномаатонро диҳед, лейтенант имзо гузорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо