Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хушкакдара аслан мавзеи ниҳоят фарох будааст ва аз ҳамин рў Шодии Лоиқу Самандари Раҳим ҳам ягон касро дар он мавзеъ надиданд, сагҳои чўпонӣ то шунидани садои тир хомўш буданд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки сайёҳони шабгард ба харитаи маҳал шиносанд ва аз эҳтимол дур нест, ки на як бору ду бор он пайроҳаҳоро паси сар намудаанд. Дар чунин пайроҳаҳои касногузар бурдани бори вазнин аз имкон берун аст, вале чанд килограмм борро бурдан душворие надорад, чун бифаҳмӣ, ки борро нархест гарон. Чунин бор ба ҷуз маводи мухаддир дигар чизе нест.
Ҳамагӣ се – чор килограмми он буҷаи яксолаи ноҳияеро чун Гулобод бармезанад. Барои интиқолдиҳандагони он фарқе надорад, ки бори бурдаашон боиси бадбахтии ҳазорон ҳазор одамон мегардад, чунки шиори онҳо як буд, ҳаст ва мемонад:
«гӯр сузаду дег ҷӯшад». Аз эҳтимол дур нест, ки мақтул курер набошад ва саҳнаи маргаш дар боло тарҳрезӣ шуда…
– Гуфтаниед, ки ҷиноят ҷинояти фармоишист, - бори аввал сухани Сорбони Ҳомидро бурида пурсид сардори
ШКД.
– Ба фикрам, ҳамин хел аст. Ба ҳар ҳол тафтишот ҳамаашро муайян мекунад.
Ҳамид Ҷовид андешаҳои хешро иброз намуда, ба суҳбати тӯлонӣ нуқта гузошт.
Сорбони Ҳомид ҳам дар қатори дигарон берун баромад ва чун мисли дигарон нияти ба кулбаи хеш рафтан надошт, муддате чанд дар саҳни ҳавлии милитса рост истода ба осмони пурситора назар кард. Назар карду солҳои гузашта, солҳои ҷавонии хешро ба ёд овард. Ба ёд овард, ки чӣ тавр ҳамроҳи Абдурашиду Наҷиб ва Ҷомӣ то посе аз шаб гузаштан дар деҳа бозӣ мекарданду ҳар кӣ дар осмони пурситора ситораи худро меҷўст…
Тааҷҷубовараш он буд, ки ҳар чор ҳам ситораҳои худро аз паҳлуи рости Роҳи Каҳкашон интихоб намуда буданд. Дирўз Наҷиб аз шаҳр занг зад ва хабар дод, ки имтиҳонҳои дохилшавиро супурда, сазовори номи донишҷў шуд…

пешина
аз 513
навбатӣ