Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид афсўс аз он хўрд, ки дар лаҳзаи хурсандии бародар дар паҳлуяш набуд. “Фардо ба деҳа меравам,” - хабар дод Наҷиб ва гўшакро монд…
Аз чӣ бошад, ки ҳеҷ симои Наҷиб аз пеши назараш дур намешуд ва ў шиносоии аввалини хешро бо Умеда дар роҳи деҳа пеши назар овард, ки аз рўи Наҷиб шуда духтар чӣ хел ўро ба ҷояш шинондан хост ва болои сўхта намакоб аз падар низ танбеҳ гирифт.
Ба ақидаи Умеда то имрўз дар диёрашон чун Наҷиб ҳофиз гузаштагӣ нест ва орзу ўро ба Консерваторияи миллӣ бурд…


Ширин ҳам дигар нисбати Самандар бетафовут набуд.
Чун падару модараш сухани хостгоронро нашикастанд, Ширин ба дили чун чашмасорон мусаффояш баҳри Самандар ҷойгоҳе тайёр кард. Ҳарчанд ў аз Самандар канораҷўӣ мекард, вале дар қалби нозукаш меҳри ўро мепарварид.
Акнун ў реҷаи кории Самандарро азёд медонист ва дар он рўзҳое, ки Самандар дар кўҳу камар аз қафои рама буд, Ширин баҳри бурдани об ба сари чашмаи таги боғи Самандар мерафт ва рози ниҳони дили хеш бо чашмаи мусаффо мегуфт ва аз даргоҳи Оллоҳ таоло баҳри худаш ва Самандар бахт мехост. Чашмаро ҳамеша тозаю озода мекард.
Гирду атроф ва ҳатто пайроҳаи то ба лаби чашма мерафтагиро аз ҳарвақта дида рўбу чини зиёдтар менамуд…
Ва он рўзҳое, ки Самандар дар хона буд, ў ҷомаи хеш чаппа мепўшид, чунки занҷири шарму ҳаё пояшро медошт.
Дар он рўзҳо ў вазифаи хеш ба хоҳарчааш Маҳин, ки дар синфи чорум мехонд, месупурд.
То аз сари рама баргаштани Самандар боз ду рўз вақт буд ва Ширин кўза ба даст гирифта, сари чашма рафт. Хост бо чашма дар танҳоӣ рози дили хеш баён созад, вале аз тарафи муқобил ба сўяш Муҳаббат омад. Аслан ў ва Муҳаббат дугонаанд ва тайи ёздаҳ сол як ҷо хонданд. Имсол ҳарду мактабро хатм карданд ва акнун гоҳ–гоҳ дар сари чашма мактабу ҳамсинфонро ёд мекунанд.
Ширин кўзаро аз зери новардон боло бардошта, қоматашро рост намуда буд, ки дар рў ба рўяш Самандарро дид.

пешина
аз 513
навбатӣ