Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан тафтишот мисли бозии шатранҷ аст ва дар ин бозӣ шахсе ғолиб меояд, ки аз пайи ҳуҷум шуда, ҳимояро ба гўшаи фаромўшӣ надиҳад.
– Яъне, гуфтаниед, ки ба умеди…
– Ҳарчанд ин хел ҳам гуфтанӣ набудам, вале буттаро маҳкам доштан шарт аст…
– Ман ба натиҷаи мусбии нақши ангуштони мақтул боварӣ ҳам надоштам.
– Бе боварӣ намешавад.
– Гапатон ҳақ, вале ман дар он ақида будам, ки агар шахсияти мақтулро ҳам муайян намоем, танҳо аз рўйи нишонаҳои зоҳириаш, хусусан банда нисбат ба нишонаи махсус доштаи мақтул боварии бештаре доштам.
– Тадбир ба тақдири Худованд намонад.
– Гапатон ҷон дорад. Бубин мо ба воситаи хабарнома қариб ба тамоми ҷумҳурӣ дод зада, аз нишонаи махсус доштаи мақтул хабар додем ва ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардем, ки нақши ангуштонаш натиҷае медиҳанд.
– Худро мазаммат накунед, ман ҳамин хел баҳс кардам.
Натиҷаи дурусти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса буд, ки дар чунин як муддати кӯтоҳ шахсияти мақтул муайян карда шуд ва боз чӣ хел шахсият…
Сорбони Ҳомид лаҳзае сари воқеаҳои рухдода ба андеша рафт. Дар ҳақиқат суханони Самадов ҷон доштанд. Дар лаҳзаи аввал ҳамаи гурўҳи тафтишотӣ нисбат ба нишонаи махсуси мақтул (дандонҳои аз фулузи зард будаи ў) умед доштанд ва шояд рўзе ҳамин нишона ҳам аз худ дарак диҳад.
Аҷиб аст хислати одамӣ, агар баъзеҳо аз рўйи зарурият дандони сунъӣ монанд, бархе аз онҳо аз рўи ҳавою ҳавас ба ҳусни Худодод боз ҳусни дигаре зам карданӣ мешаванд.
Мақтул ба кадоме аз ин гурўҳҳо дохил мешуд, ў намедонад, вале аз рўйи синну сол ва изи дандонҳои сунъӣ мақтулро ба гурўҳи дуюм дохил кардан дурусттар буд. Солиёни зиёде, ки Сорбони Ҳомид дар милитса кор мекард, бузургии илмро дар пешрафти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ на як бору ду бор вохўрд. Имрўз низ нақши дасти ангуштони марде, ки ҷони хеш дар мавзеи Хушкакдара аз даст дода буд, номи ўро баҳри тафтишот муаррифӣ намуд. Илм ҳам шояд бечора мебуд, агар изи дастони одами якхела мебуданд. Шояд Офаридгор сарнавишти инсон аз азал дониставу нақши ҳар яке дар алоҳидагӣ офарида.

пешина
аз 513
навбатӣ