Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

муаммо мушкилие надорад,” - аз дил гузаронд соҳиби ҳуҷра ва гуфт:
– Агар хато накунам, майори милиса Абдумаҷидов?
– Ҳарчанд панҷ - шаш соли охир шуморо надидаам, вале ба фикрам, пир нашудаед, Собир Файзович, - гуфт Абдумаҷидов ва ба соҳиби дафтари корӣ вохўрӣ намуда, ба курсие, ки адвокат нишон дод, нишаст.
– Хайр шумо чӣ хел? Бачу кач? Хасу хорро аз роҳатон кӣ гирифт?
– Сари субҳ ҳамроҳи Бобо Самад будам, шуморо хеле ёд кардем ва аз забони ҳамон кас шунидем, ки чанд соли охир ба дифои вайронкунандагони тартиботи ҷамъияти дасту остин барзадаед. Чун сари роҳ аз пеши маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ гузаштам, гуфтам сари қадам як шуморо суроғ намоям.
– Ташаккур, бародар! Хуш омадед! Нури дида тоҷи сар!
Се рўз пеш ба назди Бобо Самад рафта будам, хеле суҳбат кардем. Албатта, мақсади ташрифамро ба прокуратура он кас гуфтанд?
– Ҳа. Мехостам баъзе ҳолатҳои корро, ки ҳангоми вохўрӣ бо муфаттиш аз мадди назар дур монданд, мавриди суҳбати хеш қарор диҳем.
– Ман аллакай ҳамаашро ба муфаттиш гуфта додам. Ба гумон аст, ки нисбат ба гуфтаҳои хеш чизе илова карда тавонам. Умуман, ба худкушӣ даст задани Раънобону барои ман ҳам муаммост. Он рўз муфаттиш дар атрофи баъзе овозаҳо аз ман пурсон шуд. Ҳарчанд ў ақидаи хешро рўйирост нагуфт, вале мақсаду маромашро фаҳмидам. Хуб аст ё бад, мо ҳам биступанҷ сол нони милиса хўрдаем ва медонем, ки гап дар куҷост.
– Марҳамат, суханатонро давом диҳед, – хоҳиш намуд Абдумаҷидов.
– Ба ақидаи Бобо Самад Раънои Носир маҳз аз рўйи ҳамин овозаҳо ба худкушӣ даст задаст.
– Кадом овозаҳо? – худро ба нодонӣ зада боз пурсид Абдумаҷидов.
– Аҷиб, чӣ тавр муфаттиш шуморо ба рафти ҳодисаҳо шинос накардааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор