Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Охир худатон нағз медонед, муфаттиш шахси мустақил аст, вай уҳдадор нест, ки бандаро бо кору бори хеш шинос намояд.
– Бобо Самад дар он ақида аст, ки гўё Раъно дар марги шавҳараш Ёқуби Соиб даст доштааст ва чун мардум аз ин корҳо огоҳ шуда, ба миш – миш даромадаанд, ў дигар тобу тоқатро аз даст дода, ба худкушӣ даст задааст. Ҳарчанд ман гуфтам, ки мўйсафед дар болои дастони ман ҷон дод, вале муфаттиш бовар накард.
– Акнун бовар мекунад?
– Чунин илтифотро сабаб чист?
– Чунки Раънои Носирро тариқи заҳр ба ҳалокат расонида, сипас саҳначаи худкушии ўро тариқи овехтан тартиб додаанд.
– Ё тавба! Марги ў ба кӣ лозим будааст? - даст ба гиребон бурда гуфт Собири Файз.
– Мо ҳам сари ҳамин муаммо дармондаем.
– Худованд ба ў умри дарозро ҳам арзонӣ надошт.
– Сарнавишт азалист.
– Рост гуфтаанд, ки «тадбир ба тақдири Худованд намонад». Оё тафтишот ба ҷуз хулосаи ташхиси тиббӣ ягон далели дигаре, ки дар фош намудани дараҷаи гуноҳи қотил ёрӣ диҳад, дар даст дорад?
– Не, вале ҳаминаш кофист, ки тариқи илм сояро аз болои Раънои Носир бардоштанд.
– Магар аз бардоштани соя ба ў нафъе ҳаст?
– Ҳарчанд ҳоло барои хулоса баровардан вақт ҳаст, вале бояд гўям, ки номи нек танҳо барои зиндаҳо нест.
– Албатта, - сухани мусоҳибашро бурида гуфт Собири Файз.
– Ба фикрам, онҳое, ки бо олами ҳастӣ падруд гуфтаанд, ба номи нек ниёзи бештаре доранд.
– Баҳс намекунам. Акнун гўед, ки тафтишот аз ман чӣ мехоҳад? Мебинам, ки мо дар атроф ва наздикии ҳодисаи ба сари Раънобону омада давр зада истодаем, вале ҳеҷ не ки ба сари мақсад биёем.
– Тафтишот донистан мехоҳад, ки бори охирон шумо кай Раънои Носирро дидед?
– Чӣ, шумо аз ман гумонбаред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор