Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шояд Шеф автоматро аз ягон қисми ҳарбӣ гирифта буд ва баъди иҷрои амалиёт онро боз ба соҳибонаш баргардонд. Охир ҳамон шаб дар бозгашт Гурдофарид гуфт, ки автоматро бояд ба соҳибаш супорад. Маълум мешавад, ки оне ки ба Лайлӣ автомат додааст, Шефро мешинохтааст.
Рафту автомат ҳам моли худи «Ҳамдилон» бошаду Лайлӣ барои эҳтиёт ҳамин гапро гуфта бошад. Ба ҳар ҳол ў рақами автомат дар ёди хеш нигоҳ дошт: Р1313 ва ин корро ба кадом хотир кард, намедонад. Ҳарчанд ў аз забони дигарон нисбат ба рақами сенздаҳ бисёр суханҳои сард шунидааст, вале худаш то кунун бадиеро дар ин рақам мушоҳида накардааст.
Ба ҳар ҳол ҳамин адади шум сари наҷотдиҳандаи ў ба бод дод ва акнун мумкин ҷисми беҷони Солеҳ Ҷалил туъмаи зоғу заған гашта бошад? Ё кӣ медонад?
Рўз поён ёфту ҷойи хеш ба зулмот дод, вале қотили Солеҳ Ҷалил ҳатто кўшиши аз ҷой бархостану чароғ афрўхтан накард. Ў бо ҳамон фикру хаёлҳои ботили хеш байни чор девори сангин дар оғўши зулмот монд…
Ҳамид Ҷовид соате боз сари тахтаи шатранҷ бо капитани милитса Сорбони Ҳомид дар талош аст. Ў сари хабарҳои овардаи Сорбони Ҳомид чунон дода шуда буд, ки чӣ тавр фарзинро аз паҳли шоҳ ба пеш тела дод, худаш ҳам нафаҳмид.
Сорбони Ҳомид хабар овард, ки Солеҳ Ҷалилро ба ҷуз як падари пир, ки пояш то ба лаби гӯр расидааст, дигар ёру бародаре набудааст. Шояд мўйсафед орзу доштаст, ки писараш рўзе тобути ўро мебардорад, вале ҳамааш баръакс шуд.
-Худоё, аз чунин рўз ҳама бандагонатро эмин дор! - баробари фарзинро ба пеш тела додан гуфт Ҳамид Ҷовид ва Сорбони Ҳомид фаҳмид, ки сардор сари мавҷҳои андеша шино дорад…
Сорбони Ҳомид лаҳзае ба тахтаи шатранҷ нигариста фаҳмид, ки сардори ШКД аллакай бозиро бохтааст, вале яку якбора ба ҳуҷум нагузашт. Нахост Ҳамид Ҷовидро аз байни хаёлоташ берун орад.
Ҳамид Ҷовид ҳам аллакай мавқеи аскарону афсаронро дар майдони набард дида буд. Ў дар як лаҳза шоҳро дар иҳота монда буд. Аз як тараф, афсар дар муқобили шоҳ меистод, аз тарафи дигар, бошад, аспи ҳариф, ки дар шакли «Г» қобилияти парвоз дошт, метавонист шоҳро ба мот шудан маҷбур созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё