Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Сорбони Ҳомид бошад, ҳушу ёдаш ба рўйи тахтаи шатранҷ тезтар ў ба бозӣ хотима мегузошт, вале ҳариф ҳамоно хомўш буд. Ҳамид Ҷовидро вуҷудаш ларзид. Ў худро лаҳзае дар ҷойи он мўйсафеди по бар лаби гӯр монда дид.
Бубин, ин чархи каҷрафтор ба дили он мўйсафед чӣ хел ханҷар зад…
– Шоҳмот, – аспро бардошта дар рў ба рўйи шоҳ гузошта гуфт Сорбони Ҳомид.
– Бисёр нағз.
– Чияш нағз? – суханони сардорро нафаҳмида пурсид Сорбони Ҳомид.
– Маро аз банди андешаҳо берун овардед.
– Аз банди кадом андешаҳо?
– Аз байни андешаҳои падари Солеҳ Ҷалил.
– Дарду доғи мўйсафедро ҳадду канор набуд.
– Медонам.
– Вале Солеҳ Ҷалил тайи ҳафт ҳашт соли охир бо падараш ягон муносибат надоштааст.
– Сабаб?
– Аз он чи ки ман дар вақти пурсиши мўйсафед набудам, афсўс ҳам намехўрам, вале Самадов гуфт, ки Солеҳ Ҷалил аслан Дон - Жуани гузаро будааст ва ҳатто падараш бар он ақида будааст, ки аҷаб нест нафаре аз он ҷабрдидагон қасд ба ҷони ў карда бошад. Мўйсафед борҳо писарашро аз ин роҳ баргардонданӣ шудааст, вале ноил нашудааст. Чун писар аз роҳи бад нагаштаст, падар низ сари танҳои хеш гирифта, ба хонаи бародараш, ки соҳиби чанд бачу кач аст, кўч бастааст.
– Оё мўйсафед аз кирдорҳои дигари пасипардагии писар огоҳ будааст?
– Ба ҳар ҳол ў инро ҳангоми пурсиши муфаттиш инкор кардааст.
– Маълум ки мўйсафед аз дигар кирдорҳои писараш бехабар аст, вагарна пинҳон кардани ҳама гуна ҳолат маъние надорад.
– Фарзанди бад - доғи падар. Ба фикрам, фарзанди мўйсафедро ҳаргиз чун боғи ў муаррифӣ кардан нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё