Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин дафъа худи офтоби оламоро бо нурҳои ҷонбахши хеш рўйи ў палмосид. Мисли он ки табиати хуфтаро дар баҳорон офтоби оламафрўз ба ҷунбиш меорад, ин субҳ ўро низ аз хоб бедор кард. Чашм кушода, боз ҳамон манзараи дирўзаро дид.
Дасту пойи хешро ёзондан хост, вале натавонист. Ҳис кард, ки дар пушти сараш касе ҳаст, вале маҷоли ҷунбидан надошт, то бубинад ў кист. Ҳамаи оҳу дардаш чун гирдобе дар ниҳодаш тоб хўрда, бо оҳи пурсўзе аз қалбаш бурун ҷаст ва маҳз ҳамин оҳ сабабгори аз «окоп»2 берун омадани оне гашт, ки то кунун пушти сараш буд.
Не, оне ки аз «окоп» берун омад, он духтари дирўза набуд. Синну солаш хеле калон, шояд дар синну соли модараш буд. Аз нигоҳи маҳзуни зан дарёфт, ки чун модар ўро мазаммат карданист. Худаш ҳам айнан ҳамин хел шуд.
– Бубин, бо худ чӣ кардӣ, бачам? – гуфт он зани дар пероҳани ҳарири сафед буда.
Чанд соли охир ў овози модарро нашунида буд. “Бачам” гуфтани он зане, ки дар синну сол баробари модараш буд, дили бе ин ҳам ҳазини ўро реш - реш сохт, вале ин дафъа худро ба даст гирифт, то пеши модар чун мард худро муаррифӣ намояд.
– Ҳамааш мегузарад, - гўён зани хилъати сафедпўш даст ба пешонаи ў бурд, то ҳарорати баданаш бисанҷад. Сипас, пораи доруеро майда карда, бо каме об дар қошуқча гирифт ва ба ҳалқаш рехт. Шояд тафсаш баланд буд, ки лаҳзае нагузашта, каме ҳам бошад, худро беҳтар ҳис кард.
Сипас, он марди дарози дирўза омад ва дар рў ба рўяш нишаста гуфт:
–Ҳа, бача, аҳволат чӣ хел?
Чун рўзи гузашта об гуфту худ садои хеш нашунид тарсид, ки овоз рўшан намояд ва ба тарафи он марди дар рў ба рўяш нишаста табассуме намуд.
– Нагз мешавӣ, бача, - бо лаҳни хеш ба забони тоҷикӣ гуфт духтури қадбаланд. Ва чодир аз болои ў бигирифт ва

1 Сухан аз А.Бедил.
2 Аз “окоп” баромадан – ба маънои аз пинҳонкорӣ баромадан аст.

пешина
аз 513
навбатӣ