Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҷароҳатҳои гирифтаашро муоина намуда, ба он зани ҳалиму меҳрубон чӣ дастуре дода, ба тарафи дар ҳаракат кард.
Ҳамшираи шафқат низ аз баҳри гуселаш то пеши дар рафт.
Лаҳзае пас ў баргашту болои ҳамон курсии бетакя дар рў ба рўяш нишаста гуфт:
-Роберт Иванович ба оқибати неки ҷарроҳии худат боварӣ дорад. Ду - се рўз пас худатро ба ҳуҷраи муқаррарӣ мегузаронем. Он ҷо муҳит дигар, ин ба худат имконият медиҳад, ки тезтар шифо ёбӣ. Ба бахти худат, ки Иванов дирўз навбатдор буд. Акнун чунин табибон ангуштшуморанд.
Ҳама рафтанд, дар он рўзи сахти ба сари мардум омада, бисёр мутахассисон ба дигар кишварҳо рафтанд. Ҳатто ҳаммиллатони худамон ҳам, вале Иванов нарафт, чунки дасту дилаш пок буд ва дар умри хеш ба мардум танҳо некиро раво дида буд. Роберт Иванович на танҳо миллати тоҷикро дўст дошт, балки забони ин мардумро низ аз худ намуд. Ана, ба ту як мисол меорам. Боре дар он рўзҳои сахти ба сари мардуми кишвар омада, ёру дўстон ба ў маслиҳат медиҳанд, ки то муътадил шудани вазъият ҷумҳуриро тарк кунад.
– Содда будаед, о ман аз ин мардум чӣ бадӣ дидаам, ки дар чунин лаҳзае, ки ба ёрии банда ниёзи бештаре доранд, онҳоро тарк кунам? Ҷони ман фидои ҷони ин мардум! Ман кӯрмўш нестам, ки дар лаҳзаи душвор ҳайати киштиро танҳо гузошта фирор кунам. Ману Людаро аз ин ҷо танҳо як роҳ аст.
– Чӣ хел роҳ? - мепурсад кадоме аз дўстонаш.
– Роҳ то мазор.
Ана, ҳамин хел бачам, чунин мардони бузург ниҳоят каманд, - гуфт ҳамшираи шафқат, ки ўро ба ҷуз ў дигар мусоҳибе набуд.
Не, ў ҳамаи ин суханонро шунид. Дирўз намешунид, чунки гўшҳояш садо медоданд. Гўё садои чархҳои мошинеро, ки ба ў бархўрда буд, ба лентаи овоз сабт намуда, ба гўшаш баста буданд. Имрўз бошад…
Мардумон беҳуда калимаи «Рўз ба бадӣ ва рўз ба беҳӣ» – ро бофта набаровардаанд. Ин мақолҳо чун як осори безаволе аз таҷрибаи рўзгор гирифта шудаанд. Бемореро ки рўз ба бадист, шуълаи умед ба ояндааш нест ва кадомеро, ки дар пешонааш рўз ба беҳӣ навишта шуда бошад, ў бо амри илоҳӣ шифо хоҳад ёфт.

пешина
аз 513
навбатӣ