Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Духтур дар ин ҷо танҳо сабаб мешаваду бас.
Агар таноби умрат кўтоҳ бошад, аз Сино ҳам мадад ҷустан хатост. Модоме ки ў овозро мешунавад, пас рўз ба беҳӣ рафта истодааст.
Соате пас ҳамшираи шафқат асбоберо оварда, паҳлуяш гузошт ва чун рўзи гузашта маҳлули «Глюкозаи 5 фоиза» ва баъди он боз моеъи дигареро, ки дар дохили халтаи селофанӣ буд, ба раги хунгардаш пайваст кард. Умуман, ҳарду моеъ то қарибиҳои пешин қатра - қатра ба ҷисми ў ҳамроҳ шуд. Ў гоҳ дар хоб ва гоҳ дар бедорӣ ҳаракати моеъи ба ҷисмаш дохилшудаистодаро, ки ба воситаи рўдаи дарози борику шаффоф аз баландӣ ба пастӣ ҳаракат дошт, назора мекард.
Симои ҳамшираи шафқат симои модарашро мемонд.
Абрӯвони модари ў низ чунин пайвастӣ буданд. Баъди аз олам гузаштани модар (ў сари фарзанд рафт) бибиаш бо дидаи ашкбор танҳо як суханро такрор мекард: “Бо ҳама сафедии хеш духтарам бахтсиёҳ шуд.” Не, модарам худ беаҳдӣ карду моро сағира кард. Охир, духтурон ўро огоҳ намуда буданд, ки дигар таваллуди фарзанд барояш хатарнок аст.
Дар замоне ки бемор симои модарро пеши назар меовард, ҳамшираи шафқат низ сари андешаҳои хеш ғӯтта мезад.
Агар Замир зинда мемонд, ҳоло ман соҳиби набера шуда будам. Ба ҳар ҳол Роберт Иванович сухани хеш бигуфт ва иншоолоҳ бемор рў ба беҳбудӣ меорад. Бадии кор дар он аст, ки касе ному насаби ин ҷавонро намедонад. Шояд падару модараш аллакай ташвиш шуда, ба ҷустуҷўяш баромаданд.
Албатта, зану фарзанд ҳам доштагист, пас чаро касе дар ин ду рўз ба суроғаш наомад?
Ҳамагӣ ду моҳ пештар қисмат боз ўро бо Раъно рў ба рў кард. Тайи чанд соли охир дар Русия мардикорӣ мекард.
Акнун нав каме пулу мол гирд оварда буд, ки тариқи барқияи таъҷилӣ ўро ба хона даъват намуданд. Шояд падараш мехост, ки сари ўро ҷуфт намояд. Бародараш Муин дар фурўдгоҳ истиқболаш гирифт. Шабро дар хонаи амакаш рўз карданд ва субҳ сари роҳ баромаданд, то ба мошини роҳгузаре нишаста ба деҳа раванд. Даст бардоштанду мошине истод. Хост бипурсад, ки ронанда ба кадом тараф рафтанист, вале ба ҷойи ронанда ҳамсафари ў, ки дар курсии қафо менишаст ва шояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор